Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

886. ХОБ ДИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ЛАШКАР ОРОСТАН

Чу Баҳром дар хайма танҳо бимонд, Фиристоду эрониёнро бихонд. Ҳаме рой зад ҷангро бо сипоҳ, Бар ин гуна то гашт гетӣ сиёҳ. Бихуфтанд туркону озодагон, Ҷаҳон шуд ҷаҳонҷӯйро ройгон. Чу Баҳроми ҷангӣ ба хайма бихуфт, Ҳама шаб дилаш буд бо дард ҷуфт. Чунон дид дар хоб Баҳроми шер, Ки туркон шудандӣ ба ҷангаш далер, Сипоҳаш саросар шикаста шудӣ, Бар ӯ роҳи даргоҳ баста шудӣ. Ҳаме хостӣ аз ялон зинҳор, Пиёда бимондӣ, набудиш ёр. Ғамӣ шуд, чу аз хоб бедор шуд, Сари пурҳунар пур зи тимор шуд. Шаби тира бо дарду ғам гашт ҷуфт, Бипӯшиду он хоб бо кас нагуфт. Ҳамон гоҳ Харроди Барзин зи роҳ Биёмад, ки бугрехт аз Совашоҳ. Ба Баҳром гуфт: «Аз чӣ сахт эманӣ? Нигаҳ кун бад-ин доми оҳарманӣ. Мадеҳ ҷони эрониёнро ба бод, Нигаҳ кун бад-ин номдорон ба дод. Ба мардӣ бубахшой бар ҷони хеш, Ки ҳаргиз-т н-ояд чунин кор пеш». Бад-ӯ гуфт Баҳром, к- «Аз шаҳри ту, Зи мардӣ наёмад ҷуз ин баҳри ту, Ки моҳӣ фурӯшанд яксар ҳама Ба таммуз то рӯзгори дама. Туро пеша дом асту ҷой обгир, На марди синониву кӯполу тир. Чу хур барзанад сар зи кӯҳи сиёҳ, Намоям туро ҷанги шоҳу сипоҳ». Чу сар барзад аз чашмаи шер шед, Ҷаҳон гашт чун рӯи румӣ сапед. Бизад нойи рӯину барзад хурӯш, Замин омад аз наъли аспон ба ҷӯш.