Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

885. ПОСУХ ДОДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА СОВАШОҲРО

Фиристода гуфту сипаҳбад шунид, Ба посух сухан тира омад падид. Чунин дод посух, ки «ӣ баднишон, Миёни бузургону гарданкашон. Ҷаҳондори бесуди бисёргӯй Намонад-т назди касе обрӯй, Ба пешин сухан в-он чи гуфтӣ зи пас, Ба гуфтор дидам туро дастрас. Касеро, ки ояд замонаш ба сар, Зи мардӣ ба гуфтор ҷӯяд ҳунар. Шунидам суханҳои носудманд, Дилам гашт тарсон зи бими газанд. Яке он, ки гуфтӣ, кушам шоҳро, Супорам ба ту кишвару гоҳро. Яке достон зад бар ин марди меҳ, Ки дарвешро чун битозӣ зи деҳ, Ба ҳар ҷой гӯяд, ки меҳтар будам, Ҳама банда буданду ман сар будам. Бад-ин кор хур барнаёяд ду рӯз, Ки бифрӯзад аз чарх гетифурӯз, Ки бар найзае-бар сарат з-ин нишон Фиристем наздики шоҳи ҷаҳон. Дигар он, ки гуфтӣ, ту аз духтарат, Ҳам аз ганҷу аз лашкару кишварат, Маро аз ту он гоҳ будӣ сипос, Туро хондаме шоҳи гетишинос, Ки духтар маро додаӣ он замон, Ки аз тахти Эрон набурдӣ гумон. Фиристодӣ аз кохи ороста, Ба наздики ман духтаре хоста. Чу ман дӯст будӣ ба Эрон туро, На разм омадӣ бо далерон туро. Кунун найзаи ман ба гӯшат расид, Саратро ба ханҷар бихоҳам бурид. Чу рафтӣ, сару тоҷу ганҷат марост, Ҳамон духтару бурда ранҷат марост. Дигар он чи гуфтӣ бурун аз шумор, Маро тоҷу тахт асту пили савор.