Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

884. ФИРИСТОДАНИ СОВАШОҲ ПАИҒОМИ ДИГАР БА БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Дигарбора гурде забоноваре, Фиребанда марде зи дашти Ҳарӣ Фиристода шуд назди Баҳрому гуфт, Ки «Бахти сипеҳри туро нест ҷуфт. Ҳаме нашнавӣ панду чандин сухун, Хирад ёр кун, чашми дил боз кун. Ду тан ёфтастӣ, ки андар ҷаҳон Чу эшон набуд аз нажоди меҳон. Чу хуршед бар осмон равшананд, Зи мардӣ ҳамасола дар ҷавшананд. Яке ман, ки шоҳи ҷаҳонам ба дод, Дигар пури Пармуда фаррухнажод. Сипоҳам фузунтар зи барги дарахт, Агар бишмарӣ мардуми некбахт. Гар аз пиру лашкар бигирам шумор, Бихандӣ зи борони абри баҳор, Силеҳ асту хиргоҳу пардасарой, Фузун з-он ки андеша орӣ ба ҷой. Зи аспону мардон биёбону кӯҳ, Агар бишмарӣ, низ гардӣ сутӯҳ, Ҳама шаҳрёрон маро кеҳтаранд, Агар кеҳтариро худ андарх(в)аранд. Агар ёбадӣ оби дарё равон, В-агар кӯҳро пой будӣ давон, Набардорад аз ҷой ганҷи маро, Силеҳи маро, сози ранҷи маро. Ҷуз аз порсимеҳтарат дар ҷаҳон Маро шоҳ хонанд фаррухмеҳон. Туро худ замон ҳам ба дасти ман аст, Ба пеши равони ман ин равшан аст. Агар ман зи ҷой андарорам сипоҳ, Бубанданд бар мӯру бар пашша роҳ. Ҳамон пили баргустувонкаш ҳазор, Ки бугрезад аз бӯи эшон савор. Ба Эрону Тӯрон, ки пеш оядам, К-аз он омадан ранҷ бифзоядам. Аз эдар маро то дари Тайсафун Сипоҳ асту бошад, к-ам ояд фузун.