Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

883. САФ КАШИДАНИ СОВАШОҲ ВА БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ ЯКДИГАР

Чу бишнид гуфторҳои дурушт, Фиристодаи шоҳ бинмуд пушт. Баёмад, бигуфт, он чи диду шунид, Сари шоҳи туркон зи кин бардамид. Бифармуд, то кӯс берун баранд, Сарафроз пилон ба ҳомун баранд. Сияҳ шуд ҳама кишвар аз гарди сум, Баромад хурӯшидани говдум. Чу бишнид Баҳром, к-омад сипоҳ, Дару дашт зард асту сурху сиёҳ, Сипаҳро бифармуд, то барнишаст, Биёмад зиреҳдор гурзе ба даст, Паси пушт буд шорсони Ҳарӣ, Ба пеш- андарун теғзан лашкаре, Биёрост бо майсара, маймана, Сипоҳӣ ҳама якдилу яктана. Ту гуфтӣ, ҷаҳон яксар аз ҷавшан аст, Ситора зи нӯки синон равшан аст. Нигаҳ кард аз он размгаҳ Совашоҳ Ба ороишу созу он дастгоҳ, Ҳарӣ аз паси пушти Баҳром дид, Ҳама ҷои худ тангу ноком дид. Чунин гуфт пас бо саворони хеш, Ҷаҳондидаву ғамгусорони хеш, Ки омад фиребандае назди ман, Аз он порсӣ меҳтари анҷуман. Ҳаме буд, то ин сипаҳ шорсон Гирифтанду шуд ҷои мо хорсон». Бад-он ҷои тангӣ сафе баркашид, Ҳаво нилгун шуд, замин нопадид. Сипаҳ буд бар маймана чил ҳазор, Саворони жӯпинзану найзадор. Абар майсара чил ҳазори дигар, Чи найзагузору чи ханҷаргузар. Ҳамон чил ҳазор аз далерони мард Паси пушти лашкар-ш бар пой кард. Зи лашкар басе низ бекор буд, Бад-он тангӣ- андар гирифтор буд.