882. ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ СОВАШОҲ НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Аз он пас фиристод марди куҳан
Ба наздики Баҳроми чирасухан,
Бад-ӯ гуфт: «Рав порсиро бигӯй,
Ки эдар ба хира марез обрӯй.
Ҳамоно, ки ин моя донӣ дуруст,
Ки он подшоҳи ту марги ту ҷуст.
Ба ҷанге фиристод назди касе,
Ки ҳамто надорад ба гетӣ басе.
Туро гуфт, рав, роҳ бар вай бигир,
Шунидӣ ту гуфтори нодилпазир.
Агар кӯҳ пеши ман ояд ба роҳ,
Ба пой андарорам ба пилу сипоҳ».
Чу бишнид Баҳром гуфтори ӯй,
Бихандид аз он тирабозори ӯй.
Чунин дод посух, ки «шоҳи ҷаҳон
Агар марги ман ҷӯяд андар ниҳон,
Чу хушнуд бошад зи ман, шоядам,
Агар хок боло бипаймоядам».
Фиристода омад бари Совашоҳ,
Бигуфт он чи бишнид аз он размхоҳ.
Бад-ӯ гуфт: «Рав, бозгарду бигӯй,
Ки чандин чаро боядат гуфтугӯй,
Ки чун омадастӣ бад-ин размгоҳ,
Зи мо орзу ҳар чи хоҳӣ, бихоҳ».
Фиристода омад, ба Баҳром гуфт,
Ки «Розе, ки дорӣ, барор аз нуҳуфт.
Ки ин шаҳрёрест некахтаре,
Биҷӯяд ҳаме чун ту фармонбаре».
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к- «Ӯро бигӯй,
Ки гар дод ҷӯӣ, баҳона маҷӯй.
Гар эдун, ки аз шаҳрёри ҷаҳон
Ҳаме оштӣ ҷӯӣ андар ниҳон.
Туро андар ин марз меҳмон кунам,
Ба чизе ки гӯӣ ту, фармон кунам.
Бубахшам сипоҳи туро симу зар,
Киро дархур ояд кулоҳу камар,
Саворе фиристам ба наздики шоҳ,
Бад-он то ба пеш оядат нимароҳ.