881. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗДШОҲ ХАРРОДИ БАРЗИНРО НАЗДИКИ СОВАШОҲ БА ПАЙҒОМИ ФИРЕБАНДА
Аз он лашкари Соваву пилу ганҷ
Ҳаме буд з-андеша Ҳурмуз ба ранҷ.
Ба дил бар-ш андеша бисёр гашт,
Зи Баҳром пурдарду тимор гашт.
Равонаш пур аз ғам, дилаш бар ду ним,
Ҳаме доштӣ з-он ба дил тарсу бим.
Шаби тира барзад сар аз бурҷ моҳ,
Ба Харроди Барзин чунин гуфт шоҳ,
Ки «Барсоз, то сӯи душман шавӣ,
Бикӯшиву аз тохтан нағнавӣ.
Сипоҳаш нигаҳ кун, ки чанду чианд,
Сипаҳбад кадом асту гурдон кианд?»
Бифармуд, то номаи пандманд
Набиштанд наздики он пургазанд.
Яке нома бо ҳадяи шоҳвор,
Чу онро нашояд гирифтан шумор.
Фиристодаро гуфт: «Сӯи Ҳарӣ
Ҳаме рав, чу пайдо шавад лашкаре.
Чунон дон, ки Баҳроми ҷанговар аст,
Мапиндор, к-он лашкари дигар аст.
Аз он роҳ наздики Баҳром пӯй,
Сухан ҳарчи бишнидӣ аз ман, бигӯй.
Бигӯяш, ки ман бо навиду хиром,
Бигустурда хоҳам яке тоза дом,
Набояд, ки пайдо шавад рози ту,
Агар бишнавад ному овози ту.
Мар ӯро ба домат фароз оварам,
Суханҳои чарбу дароз оварам».
Баророст Харроди Барзин ба роҳ,
Биёмад бар он сон, ки фармуд шоҳ.
Чу Баҳромро дид, бо ӯ бигуфт,
Суханҳо куҷо дошт андар нуҳуфт.
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи Совашоҳ,
Ба ҷое ки буд пилу ганҷу сипоҳ.
Варо диду бистуду кардаш намоз,
Шунида ҳаме гуфт бо ӯ ба роз.
Бияфзуд пайғомаш аз ҳар даре,
Бад-он то шавад лашкар андар Ҳарӣ.