Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

880. РАФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ СОВАШОҲ

Сапеда чу барзад сар аз кӯҳсар, Падид омад аз дур рахшон сипар. Сипаҳбад биёмад ба айвони шоҳ, Биғалтид бар хок пеши сипоҳ. Чунин гуфт: «Ман бебаҳона шудам, Ба фарри ту тоҷи замона шудам. Яке орзу хоҳам аз шаҳрёр, Ки бо ман фиристад яке устувор, Ки то ҳар касе, к-ӯ набард оварад, Сари душмане зери гард оварад, Нависад ба нома- дарун номи ӯй, Раванда шавад дар ҷаҳон коми ӯй» Чунин гуфт Ҳурмуз, ки «Меҳрони пир Бузург асту гӯяндаву ёдгир». Бифармуд то бо сипаҳбад бирафт, Аз айвон сӯи ҷанг ёзид тафт. Бишуд лашкар аз кишвари Тайсафун, Сипаҳбад чу Баҳром пеш- андарун. Сипоҳӣ хирадманду гурду далер, Сипаҳбад сарафроз чун наррашер. Чу ӯ рафт, шоҳи ҷаҳон бозгашт, Або мӯбади хеш ҳамроз гашт. Ба мӯбад чунин гуфт Ҳурмуз, ки «Мард Шавад шоду хандон ба рӯзи набард. Аз ин пас чӣ гӯӣ, чӣ шояд будан, Ҳамон достонҳо бибояд задан». Бад-ӯ гуфт мӯбад, ки «Ҷовид зӣ, Ки худ ҷовидон зиндагиро сазӣ. Бад-ин бурзболои ин паҳлавон, Бад-ин тезгуфтор равшанравон Набошад магар шоду пирӯзгар, Ҷаҳоне, ки шуд бебар, орад ба бар. Битарсам, ки ӯ ҳам ба фарҷоми кор Бипечад сар аз шоҳи парвардгор. Ҳаме дар сухан бас далерӣ намуд, Ба гуфтор бо шоҳ шерӣ намуд. Бад-ӯ гуфт Ҳурмуз, ки «Дар пойзаҳр Маёлой заҳри бадандеш даҳр.