879. ПАҲЛАВОНӢ ДОДАНИ ҲУРМУЗД БАҲРОМИ ЧӮБИНАРО
Шаҳаншоҳи Эрон аз он шод гашт,
Зи тимори он лашкар озод гашт.
Варо кард солор бар лашкараш,
Ба абр- андар овард ҷангӣ сараш.
Ҳар он кас, ки ҷуст аз ялон номро,
Сипаҳбад ҳаме хонд Баҳромро.
Сипаҳбад биёмад бари шаҳрёр
Камарбаста бо олати корзор,
Ки дастур бошад маро шаҳрёр,
Ки хонам аразро зи баҳри шумор,
Бубинам зи лашкар, ки ҷангӣ кианд,
Гаҳи ном ҷустан дирангӣ кианд?»
Бад-ӯ гуфт: «Солори лашкар туӣ,
Ба ту бозгардад баду некуӣ».
Сипаҳбад бишуд то аразгоҳи шоҳ,
Бифармуд, то пеши ӯ шуд сипоҳ.
Гузин кард аз эрониён лашкаре,
Ҳар он кас, ки будаш саворон саре.
Набиштанд номи даҳу ду ҳазор
Зиреҳдору баргустувонвар савор.
Чиҳилсолагонро набиштанд ном,
В-агар з-ин каму беш буд, шуд ҳаром.
Сипаҳдор Баҳроми Баҳром буд,
Ки дар ҷанг ҷустан варо ном буд,
Якеро, ки номаш Ялонсина буд,
Куҷо синаи ӯ пур аз кина буд,
Сари номдорони ҷангиш кард,
Ки пеши саф ояд ба рӯзи набард.
Бигардонад аспу бигӯяд нажод,
Кунад бар дили ҷангиён ҷанг ёд.
Дигар он ки номаш буд Эзадгушасп,
К-аз оташ набаргоштӣ дар таг асп,
Бифармуд, то гӯш дорад буна,
Кунад майсара рост бо маймана.
Ба пушти сипаҳ буд Нардогушасп,
Куҷо думми шерон гирифтӣ зи асп.
Ба лашкар чунин гуфт пас паҳлавон,
Ки «Эй номдорони равшанравон,