Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

878. ОМАДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА НАЗДИКИ ҲУРМУЗДШОҲ

Ҷаҳонҷӯй пӯён зи Бардаъ биронд, Зи гурдони лашкар касеро нахонд. Чу Баҳром танг андаромад зи роҳ, Бифармуд, то бор доданд шоҳ. Ҷаҳондида рӯи шаҳаншоҳ дид, Бар он номдор офарин густарид. Нигаҳ кард шоҳ андар ӯ як замон, Набурдаш бад-ӯ ҷуз ба некӣ гумон. Нишонҳои Меҳронситод андар ӯй Бидиду бихандиду шуд тозарӯй. В-аз он пас бипурсиду бинвохташ, Яке номвар ҷойгаҳ сохташ. Шаби тира чун чодари мушкбӯй Бияфканду бинмуд хуршед рӯй, Ба даргоҳ шуд марзбон назди шоҳ, Гаронмоягон баркушоданд роҳ. Ҷаҳондор Баҳромро пеш хонд, Ба тахт аз бари номдорон нишонд. Бипурсид аз он пас, ки «Бо Совашоҳ Кунам оштӣ ё фиристам сипоҳ?» Чунин дод посух бад-ӯ ҷангҷӯй, Ки «Бо Совашоҳ оштӣ нест рӯй. Агар ҷангро хоҳад оростан, Ҳазимат бувад оштӣ хостан. Ва дигар, ки бадхоҳ гардад далер, Чу бинад, ки коми ту ояд ба зер. Гаҳи разм чун базм пеш оварӣ, Ба фармонбарӣ монад он доварӣ». Бад-ӯ гуфт Ҳурмуз, ки «Пас чист рой, Диранг оварам, ар наҷунбам зи ҷой?» Чунин дод посух, ки «Гар бадсигол Бупечад сар аз дод, беҳтар ба фол. Чӣ гуфт он гаронмояи некрой, Ки бедодро нест бо дод ҷой. Ту бо душмани бадкуниш разм ҷӯй, На бо оташ об андарояд ба ҷӯй. В-агар худ дигаргуна бошад сухан, Шаҳи нав гузинад сипеҳри куҳан.