Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

877. НИШОН ДОДАНИ МЕҲРОНСИТОД АЗ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҲУРМУЗДШОҲ ВА ХОСТАНАШ ҲУРМУЗД

Яке банда буд шоҳро шодком, Хирадманду бедору Настӯҳ ном. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: «Анӯша бадӣ, Ҳамеша зи ту дур чашми бадӣ. Падар-м он хирадманд Меҳронситод, Ки чун ӯ замона надорад ба ёд, Ба кунҷе нишастаст бо Занду Уст, Аз уммеди гетӣ шуда пиру суст. Бад-ин рӯзгорон бари ӯ шудам, Яке рӯзу як шаб бари ӯ будам. Ҳаме гуфтам ӯро ҳам аз Совашоҳ, Зи пилони ҷангиву чандин сипоҳ». Чунин дод посух, ки «Омад сухан Аз он гуфтаи рӯзгори куҳан». Бипурсидам аз пир Меҳронситод, К- «Аз он рӯзгорон чӣ дорӣ ба ёд»? Чунин дод посух, ки «Шоҳи ҷаҳон, Агар пурсадам, бозгӯям ниҳон». Шаҳаншоҳ фармуд, то дар замон Бишуд назди ӯ номдоре дамон. Мар он пирро зуд бардоштанд, Ба маҳд- андарун тез бугзоштанд. Чу омад бари шоҳ марди куҳан, Диле пур зи дониш, саре пурсухан, Бипурсид меҳтар зи Меҳронситод, Ки «Аз кори мо ту чӣ дорӣ ба ёд?» Чунин дод посух бад-ӯ марди пир, Ки «Эй шоҳи гӯяндаву ёдгир, Бад-он гаҳ куҷо модаратро зи Чин Фиристод хоқон ба Эронзамин, Ба хоҳандагӣ ман будам пешрав, Саду шаст мард аз далерони нав. Падар-т он шаҳаншоҳи донову рост, Зи хоқон парасторзода нахост. Маро гуфт, ҷуз духти хотун махоҳ Назебад парастор ҳамҷуфти шоҳ. Бирафтем наздики хоқони Чин, Ба шоҳӣ бар ӯ хондем офарин.