Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

876. ЛАШКАР КАШИДАНИ СОВАШОҲ БА ҶАНГИ ХУРМУЗД

Чу даҳсола шуд подшоҳиш рост, Зи ҳар кишвар овози бадхоҳ хост, Биёмад зи роҳи Ҳарӣ Совашоҳ, Або кӯсу пилону ганҷи сипоҳ, Гар аз лашкари Сова гирӣ шумор, Бирав чорсад бор бишмар ҳазор. Зи пилони ҷангӣ ҳазору дувист, Ту гуфтӣ, магар дар замин роҳ нест. Зи дашти Ҳарӣ то лаби Марврӯд, Сипаҳ буд оганда чун тору пуд. В-аз ин рӯй то Марв лашкар кашид, Шуд аз гарди лашкар замин нопадид. Ба Ҳурмуз яке нома бинвишт шоҳ, Ки наздики худ хон зи ҳар сӯ сипоҳ. Пулу роҳи ин лашкар обод кун, Алаф созу аз теғи мо ёд кун. Бад-ин подшоҳӣ бихоҳам гузашт, Ба дарё сипоҳ асту дар кӯҳу дашт. Чу бархонд он номаро шаҳрёр, Бипажмурд аз он лашкари бешумор. В-аз он рӯй Қайсар биёмад зи Рум, Зи лашкар ба зер-андар овард бум. Сипаҳ буд аз румиён сад ҳазор Саворони ҷанговару номдор. Зи шаҳре, ки бигрифт Нӯшинравон, Ки аз номи ӯ буд Қайсар навон. Ба шамшер бигрифт яксар ҳама, Даромад ба фармони Қайсар ҳама. Биёмад зи ҳар кишваре лашкаре, Ба пеш- андарун номвар меҳтаре. Сипоҳе биёмад зи роҳи Хазар, К-аз эшон сияҳ шуд ҳама буму бар. Ҷаҳондидаи гурд дар пеш буд, Або ганҷу бо лашкари хеш буд. Аз Армения то дари Ардабил, Пароканда шуд лашкараш хел-хел, Зи дашти саворони найзагузор Сипоҳе биёмад фузун аз шумор.