875. БАРГАШТАНИ ҲУРМУЗД АЗ БЕДОД БА ДОДГУСТАРӢ
В-аз он пас набуд зиндагонии хеш,
Зи тимор зад бар дили хеш неш.
Зи соле ба Истахр будӣ се моҳ,
Ки кӯтоҳ будӣ шабони сиёҳ.
Ки шаҳре хунук буду равшан ҳаво,
Аз он ҷо гузаштан набудӣ раво.
Се моҳи ҳарифон будӣ б-Исфаҳон,
Ҳавои хушу ҷойгоҳи меҳон.
Зимистон будӣ ҷои ӯ Тайсафун
Або лашкару мӯбаду раҳнамун.
Баҳорон будӣ ӯ ба Арванддашт,
Бар ин гуна чанде бар ӯ баргузашт.
Аз он руқъа будӣ дилаш пурҳарос,
Ниёишкунон буд дар шаб се пос.
На хун рехт аз он пас, на бедод кард,
На аз бад равонаш ҳаме ёд кард.
Чу пинҳон шудӣ чодари ложвард,
Падид омадӣ кӯҳи ёқути зард,
Мунодигаре баркашидӣ хурӯш,
Ки эй номдорони бофарру ҳуш,
Агар киштманде шавад кӯфта,
В-аз он ранҷ коранда ошуфта,
В-агар асп дар киштзоре шавад,
Касе низ дар мевадоре шавад,
Думи аспу гӯшаш бибояд бурид,
Сари дузд бар дор бояд кашид.
Маҳу сол гардон будӣ дар ҷаҳон,
Баду некувӣ з-ӯ набудӣ ниҳон.
Ба ҳар кишваре дод кардӣ чунин,
Зи деҳқон ҳаме ёфтӣ офарин.
Писар буд мар ӯро гиромӣ яке,
Ки аз моҳ пайдо набуд андаке.
Мар ӯро падар карда Парвиз ном,
Гаҳаш хондӣ Хусрави хешком.
Набудӣ ҷудо як замон аз падар,
Падар низ нашкефтӣ аз писар.
Чунон буд, ки аспе зи охур биҷаст,
Ки буд шоҳ Парвезро бар нишаст.