874. КУШТАНИ ҲУРМУЗД СИМОҲБАРЗИН ВА БАҲРОМИ ОЗАРМЕҲОНРО
Чу шуд кори мӯбад ба зорӣ ба сар,
Ҳама кишвар аз дард зеру забар,
Ҷаҳондори хунрези носозгор
Накард эч ёд аз бади рӯзгор.
Миён танг хун рехтанро бубаст,
Ба Баҳроми Озармеҳон охт даст.
Чу шаб тиратар шуд, мар ӯро бихонд,
Ба пеши худ- андар ба зону нишонд.
Бад-ӯ гуфт: «Хоҳӣ, ки эмин шавӣ,
Набинӣ зи ман зиштиву бадхувӣ,
Чу хуршед бар чарх равшан шавад,
Сари кӯҳ чун пушти ҷавшан шавад.
Ту бо номдорони Эрон биёй,
Ҳаме бош бар пеши тахтам ба пой.
Зи Симоҳбарзин-т пурсам сухун,
Чу посух гузорӣ, ту дил бад макун.
Бипурсам, ки ин дӯстдори ту кист,
Бад аст, ар парастандаи эзадист.
Ту посух чунин деҳ, ки ин бадтан аст,
Бадандеш в-аз тухми Оҳарман аст.
В-аз ои пас зи ман ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ,
Парастандаву мӯҳру тахту кулоҳ».
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к- «Эдун кунам,
В-аз ин бад, ки гуфтӣ, сад афзун кунам.
Ба Симоҳбарзин, ки буд аз меҳон,
Гузини падар он чароғи ҷаҳон,
Ҳаме сохт, то чорае чун кунад,
Ки пироҳани меҳр берун кунад.
Чу пайдо шуд он чодари оҷгун,
Хур аз бахши ду пайкар омад бурун,
Ҷаҳондор биншаст бар тахти оҷ,
Биёвехтанд он баҳогир тоҷ.
Бузургони Эрон бар он боргоҳ
Шуданд анҷуман, то биёяд сипоҳ,
Зи дар парда бардошт солори бор,
Бирафтанд яксар бари шаҳрёр.
Чу Баҳроми Озармеҳон пешрав,
Чу Симоҳбарзину гурдони нав