Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

873. КУШТАНИ ҲУРМУЗД ЭЗАДГУШАСПРО ВА ЗАҲР ДОДАНИ ЗАРДУҲИШТ МӮБАДИ МӮБАДОНРО

Чунин буд, то шуд бузургиш рост, Бад-он чиз бар подшо шуд, ки хост. Барошуфту хӯи бад овард пеш, Ба як сӯ шуд аз роҳи оину кеш. Ҳар он кас, ки назди падар-ш арҷманд Будӣ шоду эмин зи бими газанд, Якояк табаҳ кардашон бегуноҳ, Бад-ин гуна буд роҳу оини шоҳ. Се мард аз дабирони Нӯшинравон, Яке пири доно, ду дигар ҷавон. Чу Эзадгушаспу дигар Бурзмеҳр, Дабире хирадманд, бо фарру меҳр. Се дигар, ки Моҳозараш буд ном, Хирадманду равшандилу шодком. Бари тахти Нӯшинравон он се пир Чу дастур буданду ҳамчун вазир. Ҳаме хост Ҳурмуз, к-аз ин ҳар се мард Барорад якояк зи ногоҳ гард. Ҳаме буд аз эшон дилаш пурҳарос, Ки рӯзе шаванд андар ӯ носипос. Ба Эзадгушасп он замон даст охт, Ба беҳуда-бар банду зиндон-ш сохт. Дили мӯбади мӯбадон танг шуд, Рухонаш зи андеша беранг шуд, Ки мӯбад буду пок будаш сиришт, Ба хурдӣ варо ном буд Зардуҳишт. Аз он банд Эзадгушаспи дабир, Чунон шуд, ки дил хаста гардад ба тир. Чу рӯзе баромад, набудаш завор, На хӯрду на пӯшиш, на андӯҳгусор. Зи зиндон паёме фиристод дӯст, Ба мӯбад, ки «Эй мар маро мағзу пӯст, Манам безаворӣ ба зиндони шоҳ, Касеро ба наздики ман нест роҳ. Ҳаме хӯрданӣ орзу оядам, Шикам гурсуна ранҷ бифзоядам, Бари ман кунун пок чизе фирист, Чу мурдам, кафан дӯзу баззе фирист».