Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

872. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ҲУРМУЗДШОҲ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН

Яке пир буд марзбони Ҳарӣ, Писандидаву дида аз ҳар даре. Ҷаҳондидае номи ӯ буд Мох, Сухандону бо фарру бо баргу шох. Бипурсидамаш, то чӣ дорад ба ёд Зи Ҳурмуз, ки биншаст бар тахти дод. Чунин гуфт пири Хуросон, ки «Шоҳ Чу биншаст бар номвар пешгоҳ, Нахуст офарин кард бар кирдгор, Тавонову донандаи рӯзгор». Дигар гуфт: «Мо тахт номӣ кунем, Гаронмоягонро гиромӣ кунем. Ҷаҳонро бидорем дар зери пар, Чунон чун падар дошт б-оину фар. Гунаҳкардагонро ҳаросон кунем, Ситамдидагонро таносон кунем. Касе бад кунад, бурдборӣ кунем, Чу ранҷ оядаш беш, ёрӣ кунем. Сутуни бузургист оҳистагӣ, Ҳамон бахшишу доду шоистагӣ. Бидонед, к-аз кирдгори ҷаҳон Баду нек ҳаргиз намонад ниҳон. Ниёкони мо тоҷдорони даҳр, Ки аз додашон офарин буд баҳр, Наҷустанд ҷуз доду оҳистагӣ, Бузургиву гурдиву шоистагӣ. Зн кеҳтар парастиш, зи меҳтар навоз, Бадандешро доштан дар гудоз. Ба ҳар кишваре дасту фармон марост, Тавоноиву рою бурҳон марост. Касеро, ки Яздон кунад подшо, Бинозад бад-ӯ мардуми порсо. Сари мояи шоҳ бахшоиш аст, Замона зи бахшиш пуророиш аст. Ба дарвеш-бар меҳрубонӣ кунем, Ба пурмоя-бар посбонӣ кунем. Ҳар он кас, ки эмин шуд аз кори хеш, Бари мо барафрохт бозори хеш.