Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

871. ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗД

Чордаҳ сол буд Оғози достон Бихандид таммуз бо сурхсеб, Ҳаме кард бо бору баргаш итеб, Ки он дастаи гул ба вақти баҳор, Ба мастӣ ҳаме доштӣ дар канор. Ҳаме боди шарм омад аз ранги ӯй, Ҳаме бӯи меҳр омад аз чанги ӯй. Чи кардӣ, ки будат харидори он, Куҷо ёфтӣ тез бозори он? Акиқу забарҷад, ки додат ба ҳам, Зи бори гарон шохи ту ҳам бахам Ҳамоно, ки гулро баҳо хостӣ, Бад-он ранг рухро биёростӣ. Ҳаме ранги шарм ояд аз гарданат, Ҳаме мушк бӯяд зи пероҳанат. Магар ҷома аз муштарӣ бистадӣ, Ба лӯлӯ-бар аз хун нуқат барзадӣ? Забарҷад-т баргашту чармат бунафш, Сарат бартар аз коваёнӣ дирафш. Ба перояи зарду сурху сафед Маро кардӣ аз барги гул ноумед. Нигоро, баҳоро, куҷо рафтаӣ, Ки ороиши боғ бинҳуфтаӣ?! Ҳаме меҳргон бӯяд аз боди ту, Ҳам аз ҷоми май нав кунам ёди ту. Чу рангат шавад зард, бистоямат, Чу дайҳими Ҳурмуз биёроямат. Гар имрӯз тез аст бозори ман, Бубинӣ пас аз марг осори ман.