870. АҲД НАВИШТАНИ НӮШИНРАВОН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО
Ҷаҳонро намоиш чу кирдор нест,
Ниҳонаш ба ҷуз ранҷу тимор нест.
Агар тоҷ дориву гар гурму ранҷ,
Ҳамон бугзарӣ з-ин сарои сипанҷ.
Яке номаи шаҳрёри ҷаҳон,
Нигар, то ки бошад чу Нӯшинравон.
Ба доду ба рою ба базму ба ҷанг,
Чу рӯзаш сар омад, набудаш диранг.
Ту, эй пири фартут, бетавба мард,
Хирад гиру аз базму шодӣ бигард.
Ҷаҳон тоза шуд, чун қадаҳ ёфтӣ,
Равон аз дари тавба бартофтӣ.
Агар бихрадӣ, сӯи тавба гироӣ,
Ҳамеша бувад покдин, покроӣ.
Пас аз пирият рӯзгорон намонд,
Тамузу харифу баҳорон намонд.
Аз он пас, ки тан ҷой гирад ба хок,
Нигар, то куҷо бошад ин ҷони пок.
Чӣ гуфт он сарояндаи солх(в)ард,
Чу андарзи Нӯшинравон ёд кард.
Суханҳои Ҳурмузд чун шуд ба бун,
Яке нав пай афканд мӯбад сухун.
Ҳамовоз шуд ройзан бо дабир,
Набиштанд пас номае бар ҳарир.
Дилорой аҳде зи Нӯшинравон
Ба Ҳурмузди носолхӯрда ҷавон.
Сари нома аз додгар кард ёд,
Дигар гуфт, к- «Ин панди пури Қубод.
Бидон, эй писар, к-ин ҷаҳон бевафост,
Пур аз ранҷу тимору дарду балост.
Ҳар он гаҳ ки бошӣ бад-ӯ шодтар,
Зи ранҷи замона дил озодтар.
Ҳама шодмонӣ намонад ба ҷой,
Бибояд шудан з-ин сипанҷӣ сарой.
Ҷаҳон чун супорам туро ман ба дод,
Ҳамон дигареро бибояд-т дод.
Чу андешаи рафтан ояд фароз,
Ба рахшандарӯзу шаби дербоз.