869. ПУРСИШИ МӮБАДОН АЗ ҲУРМУЗД ВА ПОСУХ ДОДАНИ Ӯ
Шуданд андар он мӯбадон анҷуман,
Зи ҳар дар пажӯҳандаву ройзан.
Ҷаҳонҷӯй Ҳурмуздро хонданд,
Бари номдорон-ш биншонданд.
Нахустин сухан гуфт Бузарҷмеҳр,
Ки «Эй шоҳи некахтару хубчеҳр,
Чӣ донӣ, к-аз ӯ пок ҷону хирад
Шавад равшану колбад бар хӯрад?»
Чунин дод посух, ки «Дониш беҳ аст,
Ки доно бари меҳтарон - бар меҳ аст.
Ба дониш бувад мардро эманӣ,
Бубандад зи бад дасти оҳарманӣ.
Дигар бурдбориву бахшоиш аст,
Ки танро бад-ӯ ному ороиш аст».
Бипурсид, к- «Он чӣ бувад судманд,
Кадом асту мард аз чӣ гардад баланд?»
Чунин дод посух, ки «Он, к-аз нахуст
Ба неку бад озарми ҳар кас биҷуст,
Бикӯшид то бар дили ҳар касе
Аз ӯ ранҷ бурдан набошад басе.
Се дигар ба гетӣ ҳар он кас, ки дод
Бидод, аз тани худ ҳам ӯ буд шод».
Нигаҳ кард пурсанда Бузарҷмеҳр
Бад-он меҳтари покдил, хубчеҳр.
Бад-ӯ гуфт: «Аз гуфтанӣ ҳарчӣ ҳаст
Бигӯям, ту бишмар якояк ба даст.
Саросар ҳама пурсишам ёд гир,
Ба посух ҳама дод бунёд гир.
Суханро магардон пасу пеш ҳеч,
Ҷавонмардиву дод додан басеч.
Агар ёд гирӣ чунон бегумон,
Кушодаст бар ту дари осмон,
Ки чандин ба гуфтор биштофтам,
Зи гӯянда посух фузун ёфтам.
Ҷаҳондор омӯзгори ту бод,
Хирад равшану бахт ёри ту бод!
Кунун ҳар чӣ донам, бипурсам зи дод,
Ту посух кунам, з-он чи ояд-т ёд.