868. ГУФТОРИ НӮШИНРАВОН АНДАР ВАЛИАҲД КАРДАН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО
Ҷаҳонҷӯй деҳқони омӯзгор
Чӣ гуфт андар ин гардиши рӯзгор,
Ки рӯзе фароз асту рӯзе нишеб,
Гаҳе бо хиромему гаҳ бо ниҳеб.
Саранҷом бистар бувад тира хок,
Якеро фарозу якеро мағок.
Нишоне надорем аз ин рафтагон,
Ки бедору шоданд, агар хуфтагон.
Бад-ин гетӣ арчандашон барг нест.
Ҳамон орзумандии марг нест.
Агар сол сад бошад, ар бисту панҷ,
Яке шуд, чу ёд ояд аз рӯзи ранҷ.
Чи он кас, ки гӯяд хиром асту ноз,
Чӣ гӯяд, ки дард асту ранҷу ниёз.
Касеро надидам ба марг орзуй,
Зи бероҳу аз мардуми некхӯй.
Чи динӣ, чи Оҳармани бутпараст,
Зи марганд бар сар ниҳода ду даст.
Чу солат шуд, эй пир, бар шасту як,
Маю ҷому ором шуд бенамак.
Ба гоҳи басечидани марг май
Чу пероҳани шаър бошад ба дай.
Фасурда тан андар миёни гуноҳ,
Равон сӯи фирдавс гум карда роҳ.
Зи ёрон басе монду чанде гузашт,
Ту бо ҷом ҳамроҳ монда ба дашт.
Ба оғоз агар кори худ нангарӣ,
Ба фарҷом ночор кайфар барӣ.
Машав шодмон, ар бадӣ кардаӣ,
Ки озурда гардӣ, гар озурдаӣ.
Ба охир туро рафтан ояд, бидон,
Агарчанд эдар бувӣ солиён.
Бияфзой некӣ ту, то эдарӣ,
Ки гардӣ аз он шод, чун бугзарӣ.
Зи гуфтору кирдор ин рӯзгор
Зи мо монад андар ҷаҳон ёдгор.
Замон хоҳам аз кирдгори замон,
Ки чандон бимонад дили шодмон,