867. ОМАДАНИ ФИРИСТОДАГОНИ ҚАЙСАР НАЗДИ НӮШИНРАВОН БО ПӮЗИШ ВА НИСОР
Шаб омад, дижам шуд зи гуфтор шоҳ,
Хурӯши ҷарас хост аз боргоҳ.
Талоя пароканд бар гирди дашт,
Ҳама шаб ҳаме гирди лашкар бигашт.
Зи моҳӣ чу хуршед бинмуд тоҷ,
Барафганд хилъат заминро зи оҷ.
Талоя чу гашт аз лаби канда боз,
Биёмад бари шоҳи гарданфароз.
Ки пайғоме аз Қайсар омад ба шоҳ,
Пур аз дарду пӯзишкунон аз гуноҳ.
Фиристода омад ҳамон гаҳ давон
Ситоишкунон пеши Нӯшинравон.
Чу румӣ сару тоҷи Кисро бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Ба дил гуфт, к-инат сазовор шоҳ
Ба шоҳиву мардиву чандин сипоҳ.
В-аз он файласуфони румӣ чиҳил,
Забон пур зи гуфтору пурбод дил.
Зи динор бо ҳар яке сӣ ҳазор
Нисор овариданд зӣ шаҳрёр.
Чу диданд ранги рухи шаҳрёр,
Бирафтанд гирёну печон чу мор.
Шаҳаншоҳ чун дид, бинвохтшон,
Ба оин яке пойгаҳ сохтшон.
Сухан гуфт гӯяндаи пешрав,
Ки «Эй шоҳ, Қайсар ҷавон асту нав.
Падар мурдаву носипарда ҷаҳон,
Надонад ҳаме ошкору ниҳон.
Ҳама сарбасар бождори туем,
Парастору дар зинҳори туем.
Туро Рум Эрону Эрон чу Рум,
Ҷудоӣ чаро бояд ин марзу бум.
Чи хоқони чинӣ, чи дар Ҳинд шоҳ,
Ҳаме аз ту доранд тахту кулоҳ.
Хирад дар замона шаҳаншоҳрост,
К-аз ӯ дошт Қайсар ҳаме пушт рост.
Агар кӯдаке норасида ба ҷой,
Сухан гуфт бедонишу раҳнамой.