866. ЛАШКАР КАШИДАНИ КИСРО БА РУМ ВА ВОМ ГИРИФТАН АЗ БОЗОРГОНОН
Чу огоҳӣ омад ба Қайсар зи шоҳ,
Ки пурхашм аз Эрон бишуд бо сипоҳ.
Биёмад зи Аммурия то Ҳалаб,
Ҷаҳон шуд пурошӯбу бонгу ҷалаб.
Саворони румӣ чу сесад ҳазор,
Ҳалабро гирифтанд яксар ҳисор.
Савор андаромад зи ҳар сӯ ба ҷанг,
Набуд ҷангашонро фаровон диранг.
Биёрост бар ҳар даре манҷаниқ,
Зи гурдони Рум он, ки буд ҷосалиқ.
Ҳисори Сақило бипардохтанд,
К-аз он сӯ ҳаме тохтан сохтанд.
Ҷалаб шуд ба кирдори дарёи хун,
Ба зинҳор шуд лашкари Ботрун.
Беандоза куштанд аз эшон ба тир,
Ба разм- андарун чанд шуд дастгир.
Ба ду ҳафта аз румиён сӣ ҳазор
Гирифтанду бурданд зӣ шаҳрёр.
Ба пеши сипаҳ кандае сохтанд,
Ба шабгир об андарандохтанд.
Ба канда бубастанд бар шоҳ роҳ,
Фурӯ монд аз ҷанг шоҳу сипоҳ.
Сипаҳдор рӯзидиҳонро бихонд,
В-аз он ҷанг чанде суханҳо биронд.
Ки ин кор бо ранҷ бисёр гашт,
Ба обу ба канда нашояд гузашт.
Силаҳро дирам бояду дастгоҳ,
Ҳамон аспу хафтону румикулоҳ,
Сӯи ганҷ рафтанд рӯзидиҳон,
Дабирону дастури шоҳи ҷаҳон
Аз андозаи лашкари шаҳрёр
Кам омад зи динор сесад ҳазор.
Биёмад бари шоҳ мӯбад чу гард,
Ба ганҷ он чи буд, аз дирам ёд кард.
Дижам кард шоҳ андар он кор чеҳр,
Бифармуд, то рафт Бузарҷмеҳр.
Бад-ӯ гуфт: «Агар бадра монад тиҳӣ,
Чӣ бояд маро номи шоҳаншаҳӣ.