Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

865. НОМА НАВИШТАНИ НӮШИНРАВОН НАЗДИКИ ПИСАРИ ҚАЙСАР ВА ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ ОН

Чунин дидам аз номаи бостон, Зи гуфтори он донишӣ ростон, Ки огоҳӣ омад зи ободбум Ба назди ҷаҳондор Кисро зи Рум, Ки ту зинда бодӣ, ки Қайсар бимурд, Замонаш замин дигареро супурд. Пурандеша шуд ҷони Кисро зи марг, Шудаш лаълрухсор чун зардбарг. Гузин кард аз Эрон фиристодае, Ҷаҳондида мардеву озодае. Фиристод наздики фарзанди ӯй, Бад-он сабзшоҳи барӯманди ӯй. Сухан гуфт бо ӯ ба хубӣ басе, К-аз ин бад раҳоӣ наёбад касе. Яке нома бинвишт бо сӯгу дард, Пур аз об дида ду рухсора зард, Ки «Яздон туро зиндагонӣ диҳод, Пас аз марги ӯ комронӣ диҳод. Назояд ба ҷуз хокро ҷонвар, Сарои сипанҷ асту мо баргузар. Агар тоҷ соем, агар хӯду тарг, Раҳоӣ набошад ҳам аз чанги марг, Чи Қайсар, чи Хоқон, чу омад замон, Ба хок андарорад сараш бегумон. Зи Қайсар туро мужда бисёр бод, Масеҳо равони варо ёр бод! Шунидам, ки бар номвар тахти ӯй Нишастӣ, биёростӣ бахти ӯй. Зи мо ҳарчи бояд зи нерӯ, бихоҳ, Зи аспу силеҳу зи ганҷу сипоҳ». Фиристода аз пеши Кисро бирафт, Ба наздики Қайсар хиромид тафт. Чу омад ба даргаҳ, кушоданд роҳ, Фиристодаи шоҳ шуд пеши гоҳ. Чу Қайсар нигаҳ карду унвон бидид, Зи бешии Кисро дилаш бардамид. Ҷавон хирасар буду ҳам навнишаст, Фиристодаро тез бинмуд даст.