Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

864. ПУРСИШИ МӮБАД АЗ НӮШИНРАВОН ВА ПОСУХИ Ӯ

Яке пир буд паҳлавонисухан, Ба гуфтору кирдор гашта куҳан. Чунин гӯяд аз дафтари паҳлавон, Ки пурсид мӯбад зи Нӯшинравон, Ки «Он чист, к-аз Кирдгори ҷаҳон Бихоҳад парастанда андар ниҳон? Бад-он орзу низ посух диҳад, Бад-он посухаш бахти фаррух ниҳад. Яке даст бардошта б-осмон, Ҳаме хоҳад аз Кирдгори ҷаҳон. Биёбад ба хоҳиш ҳаме орзу, Ду чашмаш пуроб асту пурчин бурӯ?» Ба мӯбад чунин гуфт пирӯз шоҳ, Ки «Хоҳиш ба Яздон ба андоза хоҳ. Чу хоҳиш зи андоза берун шавад, Аз он орзу дил пур аз хун бувад». Бипурсид: «Некӣ киро дарх(в)ар аст, Ба номи бузургӣ кӣ зеботар аст»? Чунин дод посух, ки «Ҳар кас, ки ганҷ Биёбад пароканда, нобурда ранҷ, Набахшад, набошад сазовори тахт, Замон то замон тира гардад-ш бахт. Ба ҳастиву бахшиш бувад мард меҳ, Ту гар ганҷ дорӣ, бубахшу манеҳ». Бипурсид: «Хирадро, ки бунёд чист, Ба баргу ба бори хирад шод кист?» Чунин дод посух, ки «Доност шод, Дигар он ки шармаш бувад бо нажод». Бипурсид: «Дониш киро судманд, Кадом аст бедонишу бегазанд?» Чунин дод посух, ки «Ҳар к-ӯ хирад Бипарвард, ҷонро ҳаме парварад. Зи бешӣ хирадро бувад судманд, Зи каммиш тимору дарду газанд». Бипурсид: «Дониш беҳ аз фарри шоҳ Ки фарру бузургист зебои гоҳ?» Чунин дод посух, ки «Дониш ба фар Бигирад ҷаҳон сарбасар зери пар,