Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

863. ПАНД ДОДАНИ НӮШИНРАВОН ПИСАРИ ХУД ҲУРМУЗДРО

Бифармуд Кисро, ки ояд дабир, Нависад яке номаи дилпазир. Зи шоҳи сарафрозу хуршедчеҳр Маҳ асту ба комаш гироён сипеҳр. Ҷаҳондори бододи некӯкуниш, Фишонандаи ганҷ бе сарзаниш. Физояндаи ному тахти Қубод, Гирояндаи тоҷу шамшери дод, Ки бо фарру бурз асту фарҳангу ном, Зи тоҷи бузургӣ расида ба ком. Сӯи пок Ҳурмузд фарзанди мо Пазируфта аз дил ҳама панди мо. Зи Яздон бадӣ шоду пирӯзбахт, Ҳамеша ҷаҳондори ботоҷу тахт. Ба моҳи хуҷаста, ба хурдодрӯз, Ба некахтару фоли гетифурӯз, Ниҳодем бар сар туро тоҷи зар, Чунон ҳам, ки мо ёфтем аз падар. Ҳамон офарин низ кардем ёд, Ки бар тоҷи мо кард фаррух Қубод. Ту бедор бошу ҷаҳондор бош, Хирадманду роду беозор бош. Ба дониш физою ба Яздон гарой, Ки ӯ бод ҷони туро раҳнамой. Бипурсидам аз марди некӯсухан, Касе, к-ӯ ба солу хирад буд куҳан, Ки «Аз мо ба Яздон кӣ наздиктар, Киро назди ӯ роҳ бориктар?» Чунин дод посух, ки «Дониш гузин, Чу хоҳӣ зи Парвардгор офарин, Ки нодон фузунӣ надорад зи хок, Ба дониш писандида кун ҷони пок. Ба дониш бувад шоҳ зебои тахт, Ки донанда бодиву пирӯзбахт. Мабодо, ки бошӣ ту паймоншикан, Ки хок аст паймоншиканро кафан. Ба бодафраи бегуноҳон макӯш, Ба гуфтори бадгӯй маспор гӯш