862. ГУФТОР АНДАР ТАВҚЕИ НӮШИНРАВОН
Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон,
Ҳам ӯ буд шоҳу ҳам ӯ паҳлавон.
Ҳам ӯ буд ҷангиву мӯбад ҳам ӯ,
Ҳам ӯ ҳирбад буд, сипаҳбад ҳам ӯ.
Ба ҳар ҷой корогаҳон доштӣ,
Ҷаҳонро ба дастур нагзоштӣ.
Зи бисёру андак зи кори ҷаҳон,
Баду нек аз ӯ кас накардӣ ниҳон.
Зи корогаҳон мӯбаде некхоҳ
Чунон буд, ки бардошт рӯзе ба шоҳ,
Ки гоҳе гунаҳ бугзаронӣ ҳаме,
Ба бад номи он кас нахонӣ ҳаме.
Ҳам онро дигарбора овезиш аст,
Гунаҳгор агарчанд бопӯзиш аст,
Ба посух чунин буд тавқеи шоҳ,
Ки он кас, ки хасту бувад бар гуноҳ,
Чу бемор зор асту мо чун пизишк,
Зи дору гурезону резон сиришк.
Ба як доварӣ ӯ нагардад дуруст,
Равон аз бузургӣ бихоҳем шуст.
Дигар мӯбаде гуфт: «Анӯша бадӣ,
Зи ҳар бад ба ҳар сӯ ба гӯша бадӣ!»
Сипаҳбад зи Гургон бирафт аз нуҳуфт,
Ба беша даромад, замоне бихуфт.
Буна бар дигар килу ӯ барҳана,
Ҳаме бозгардад зи баҳри буна.
Ба тавқеъ посух чунин дод боз,
Ки «Ҳастем аз лашкарӣ бениёз,
Куҷо посбонӣ кунад бар сипоҳ,
Зи бад хештанро надорад нигоҳ».
Дигар гуфт: «Анӯша бадӣ ҷовидон
Нишасту хӯру хоб бо мӯбадон.
Яке моявар молдор эдар аст,
Ки ганҷаш зи ганҷи ту афзунтар аст».
Чунин посух овард, к-«Оре, равост,
Ки ин афсари подшоҳӣ марост.
Нигаҳбони ганҷу равонаш манам,
Бикӯшам, ки онро ба афзун кунам».