Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

861. ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ДУРҶИ САРБАСТА ВА РАҲОӢ ЁФТАНИ БУЗАРҶМЕҲР ВА ГУФТАНИ РОЗИ ОН

Чунон буд, ки Қайсар бад-он чанд гоҳ Расуле фиристод наздики шоҳ Або ҳадяву номаву бо нисор Яке дурҷу қуфле бад-ӯ устувор, Ки «Эй шоҳи кундоварону радон, Фаровон туро покдил мӯбадон, Бад-ин дурҷу ин қуфл нобурда даст, Нуҳуфта бигӯед, чизе ки ҳаст. Фиристем бож, ар бигӯед рост, Ҷуз аз бож чизе, ки оини мост. Гар эдун, ки з-ин дониши ногузир Бимонад дили мӯбади тезвир, Набояд, ки хоҳад зи мо бож шоҳ, Наронад бад-ин подшоҳӣ сипоҳ». Бад-ин гуна омад зи Қайсар паём, Ту посух гузор, он чи ояд-т ком. Фиристодаро гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Ин ҳам набошад зи Яздон ниҳон. Ман аз фарри ӯ ин ба ҷой оварам, Ҳама марди покизарой оварам. Ту як ҳафта эдар ба мо шод бош, Ба ромиш дилорою озод бош». Аз он пас бад-он достон хира монд, Бузургону фарзонагонро бихонд. Нигаҳ кард ҳар як зи ҳар борае, Ки созад мар он бандро чорае. Бар он дурҷу қуфли чунон бе калид, Нигаҳ кард ҳар мӯбаду бингарид. Зи дониш саросар ба як сӯ шуданд, Ба нодонии хеш хасту шуданд. Чу гаштанд аз он анҷуман нотавон, Ғамӣ шуд дили шоҳ Нӯшинравон. Ҳаме гуфт, к-«Ин рози гардонсипеҳр Биёбад ба андеша Бузарҷмеҳр». Шаҳаншоҳ чун дид аз андеша ранҷ, Бифармуд, то ҷомадасте зи ганҷ Биёвард ганҷуру аспе гузин, Нишасти шаҳаншоҳ карданд зин.