860. ХАШМ ГИРИФТАНИ НӮШИНРАВОН БАР БУЗАРҶМЕҲР ВА БАНД ФАРМУДАНАШ
Нигаҳ кун кунун кори Бузарҷмеҳр,
Ки бар сар чӣ гуна шуд ӯро сипеҳр.
Ҳамон кас, ки бурдаш бар абри баланд,
Фуруд оваридаш ба хоки нажанд.
Чунон буд, ки Кисро бад-он рӯзгор
Бирафт аз Мадоин зи баҳри шикор.
Ҳаме тохт бар ғурму оҳу ба дашт,
Пароканда шуд ғурму ӯ монда гашт.
Ҳаме ронд бо шоҳ Бузарҷмеҳр
Зи баҳри парастиш ҳам аз баҳри меҳр.
Зи Ҳомун бари марғзоре расид,
Дарахту гиё, обу ҳам соя дид.
Фуруд омад аз борагӣ шоҳ нарм,
Бад-он то биёсояд аз роҳи гарм.
Надид аз парастандагон ҳеҷ кас,
Яке хубрух монд бо шоҳу бас.
Бихуфт андар он соягаҳ шаҳрёр,
Ниҳода сараш меҳрубон бар канор.
Ҳамеша ба бозуи донанда-бар
Яке бандбозу будӣ пургуҳар.
Зи бозуш бугсаст он банди сахт,
Биафтод наздики болини бахт.
Фуруд омад аз абр мурғи сиёҳ,
Бипаррид то пеши болини шоҳ.
Нигаҳ карду ин бандбозу бидид,
Сари банди он гавҳарон бардарид,
Чу бидрид, гавҳар якояк бих(в)ард,
Ҳамон дурри хушшобу ёқути зард.
Бихӯрду зи болини ӯ барпарид,
Ҳамон гаҳ зи дидор шуд нопадид.
Дижам ғашт аз он кор Бузарҷмеҳр,
Фурӯ монд аз кори гардонсипеҳр.
Бидонист, к-омад ба тангӣ нишеб,
Ҳамон рӯзи ранҷ асту гоҳи фиреб.
Чу бедор шуд шоҳу ӯро бидид,
К-аз он сон ҳаме лаб ба дандон газид,
Гумонӣ бад-он буд, ки ӯро ба хоб
Хуриш кард Бузарҷмеҳр аз шитоб.