Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

859. ГУФТОР АНДАР ОВАРДАНИ БАРЗУЙ КАЛИЛА ВА ДИМНАРО АЗ ҲИНДУСТОН

Нигаҳ кун, ки шодон Барзин чӣ гуфт, Бад-он гаҳ ки букшод роз аз нуҳуфт. Зи кори шаҳаншоҳ Нӯшинравон, Ки номаш бимонод доим ҷавон. Зи ҳар донише мӯбадон хостӣ, Ки даргоҳ аз эшон биёростӣ. Пизишку сухангӯву кундоварон, Гузорандаи хоб номоварон. Або он яке номвар меҳтаре, Куҷо ҳар сареро будӣ афсаре, Пизишке сароянда Барзуй буд, Ба пирӣ расида суханҷӯй буд. Зи ҳар донише доштӣ баҳрае, Ба ҳар баҳрае дар ҷаҳон шӯҳрае. Чунон буд, ки рӯзе ба ҳангоми бор Биёмад бари номвар шаҳриёр. Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи донишпазир, Пажӯҳандаи донишу ёдгир, Ман имрӯз дар дафтари ҳиндувон Ҳаме бингаридам ба равшан равон, Набишта чунин буд, ки дар кӯҳи Ҳинд, Гиёест рахшон чу румӣ паринд, Ки онро чу гирд оварад раҳнамой, Биёмезаду дониш орад ба ҷой, Чу бар мурда бипроканӣ, бегумон Сухангӯй гардад ҳам андар замон. Кунун ман ба дастурии шаҳрёр Бипаймоям ин роҳи душворхор. Басе дониши раҳнамой оварам, Магар, к-ин шигифтӣ ба ҷой оварам. Тани мурда гар зинда гардад, равост, Ки Нӯшинравон бар ҷаҳон подшост». Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин нашояд будан, Магар к-озмунро бибояд шудан. Бибар номаи ман бари Ройи Ҳинд, Нигар, то кӣ бошад буторои Ҳинд, Бад-ин кор бо хештан ёр хоҳ, Ҳаме ёрӣ аз бахти бедор хоҳ.