Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

858. БОЗИИ ШАТРАНҶ СОХТАН АЗ БАҲРИ МОДАРИ ТАЛҲАНД

Саворон ба ҳар сӯ барафканд Гав, Ба ҷое, ки буд мӯбаде пешрав. Саросар ба даргоҳи шоҳ омаданд, Бад-он номвар боргоҳ омаданд. Ҷаҳондор биншаст бо ҳиндувон, Бузургони донову равшанравон. Сифат кард фарзона он размгоҳ, Ки чун рафт пайкори шоҳу сипоҳ, Зи дарёву аз кандаву обгир Якояк бигуфтанд бо тезвир. Нахуфтанд аз эшон яке тирашаб, На бар якдигар баркушоданд лаб. Зи майдон чу бархост овои кӯс, Ҷаҳондидагон хостанд обнӯс. Яке тахт карданд аз он чор сӯ Ду марди гаронмояву некхӯ. Ҳамонанд он кандаву размгоҳ, Ба рӯй андароварда рӯи сипоҳ. Бар он тахт сад хона карда нигор, Хиромидани лашкару шаҳрёр. Пас он гаҳ ду лашкар зи соҷу зи оҷ, Ду шоҳи сарафроз бо фарру тоҷ, Пиёда падид андарун бо савор, Ду саф карда ороиши корзор. Зи аспону пилону дастури шоҳ, Мубориз, ки асп афканад бар сипоҳ. Ҳама карда пайкар бар оини ҷанг, Яке тезу ҷунбон, яке бодиранг. Биёроста шоҳ қалби сипоҳ, Зи як даст фарзонаи некхоҳ. Абар дасти шоҳ аз ду рӯя ду пил, Зи пилон шуда гирд ҳамранги нил. Ду уштур бари пил карда ба пой, Нишонда бар эшон ду покизарой. Ба паҳлӯи уштур ду аспу ду мард, Ки пархош ҷӯянд рӯзи набард. Мубориз ду рух бар ду сӯи ду саф Зи хуни ҷигар бар лаб оварда каф.