857. ОГОҲ ЁФТАНИ МОДАРИ ТАЛҲАНД АЗ МАРГИ ПИСАР ВА СӮГ КАРДАН АЗ БАҲРИ Ӯ
Чу шоҳон гузиданд ҷои набард,
Бишуд модар аз хобу орому х(в)ард.
Ҳамеша ба раҳ дидбон доштӣ,
Ба талхӣ ҳама рӯз бугзоштӣ.
Чу аз роҳ бархост гарди сипоҳ,
Нигаҳ кард бинодил аз дидагоҳ.
Зи боло дирафши Гав омад падид,
Ҳама рӯи кишвар сипаҳ густарид.
Ҳаме дидбон бингарид аз ду мил,
Ки бинад магар тоҷи Талҳанду пил.
Наёмад падид аз миёни сипоҳ,
Саворе барафканд аз он дида гоҳ,
Ки лашкар гузар кард аз ин сӯи кӯҳ,
Гаву ҳар кӣ буданд бо ӯ гурӯҳ.
На Талҳанд пайдо, на пилу дирафш,
На он номдорони зарринакафш,
Зи мижгон фурӯ рехт хун модараш,
Фаровон ба девор барзад сараш.
В-аз он пас чу омад бад-ӯ огаҳӣ,
Ки тира шуд он фарри шоҳаншаҳӣ,
Ҷаҳонҷӯй Талҳанд бар зин бимурд,
Сари гоҳи шоҳиш Гавро супурд.
Ба айвони ӯ шуд давон модараш,
Ба хун- андарун ғарқ гашта сараш.
Ҳама ҷома бидриду рухро биканд,
Ба айвону ганҷ оташ андарфиканд.
Ҳаме тоҷу тахти бузургӣ бисӯхт,
В-аз он пас баланд оташе барфурӯхт,
Ки сӯзад танашро ба оини Ҳинд,
В-аз он сӯг пайдо кунад дини Ҳинд.
Чу аз модар огоҳ омад ба Гав,
Барангехт он бораи тезрав.
Биёмад, варо танг дар бар гирифт,
Пур аз хун мижа хоҳиш андаргирифт,
Ки «эй модари меҳрубон, гӯш дор,
Ки мо бегуноҳем аз ин корзор.
На ман куштам ӯро, на ёрони ман,
На гурде гумон бурд аз он анҷуман.