Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

856. БОРИ ДИГАР РАЗМ КАРДАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД ВА МУРДАНИ ТАЛҲАНД БАР ПУШТИ ПИЛ

Зи даргоҳи Талҳанд баршуд хурӯш, Зи лашкар ҳама кишвар омад ба ҷӯш. Сипаҳро ҳама сӯи дарё кашид, В-аз он сӯ сипоҳи Гав омад падид. Баробар фуруд омаданд он ду шоҳ, Ки буданд як бо дигар кинахох, Ба гирд- андарун кандае сохтанд, Чу шуд жарф, об андарандохтанд. Ду лашкар баробар кашиданд саф, Саворон ҳама бар лаб оварда каф. Биёроста майсара, маймана, Кашиданд наздики дарё буна. Ду шоҳи гаронмоя пурдарду кин Ниҳоданд бар пушти пилон ду зин. Ба қалб- андарун сохта ҷои хеш, Шуда ҳар яке лашкаророи хеш. Замин қор шуд, осмон шуд бунафш Зи бас найзаву парниёи дирафш. Ҳаво шуд зи гарди сипоҳ обнӯс Зи нолидани бӯқу овои кӯс. Ту гуфтӣ, ки дарё биҷӯшад ҳаме, Наҳанг андар ӯ хун хурӯшад ҳаме. Зи захми табарзину кӯполу теғ Зи дарё баромад яке сурх меғ. Чу дар пеш хуршед доман кашид, Чунон шуд, ки кас низ касро надид Ту гуфтӣ, ҳаво теғ борад ҳаме, Ба хок- андарун лола корад ҳаме. Зи афканда гетӣ бар он гуна гашт, Ки каргас наёраст бар сар гузашт. Ҳама дашт мағзу ҷигар буду дил, Ҳама наъли аспон зи хун пур зи гил. Гурӯҳе ба канда- дарун пур зи хун, Дигар сарбурида фиканда нагун. Зи дарё ҳаме хост аз бод мавҷ, Сипоҳ андаромад ҳаме фавҷ-фавҷ. Нигаҳ кард Талҳанд аз пушти пил, Замин дид бар сони дарёи Нил.