Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

855. ҶАНГИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД

Чу барзад сар аз бурҷи шер офтоб, Замин шуд ба кирдори дарёи об. Яке чодар овард хуршед зард, Бигустурд бар гунбади ложвард. Баромад хурӯшидани карраной, Ҳам овои кӯс аз ду пардасарой. Дирафши ду шоҳи нав омад падид, Сипаҳ маймана, майсара баркашид. Ду шоҳи сарафроз дар қалбгоҳ, Ду дастури фарзона бар дасти шоҳ, Ба фарзонаи хеш фармуд Гав, Ки гӯяд ба овоз бо пешрав, Ки бар пой доред яксар дирафш, Кашида ҳама теғҳои бунафш! Яке аз ялон пеш манҳед пой, Пиёда набояд, ки ҷунбад зи ҷой, Ки ҳар кас, ки тезӣ кунад рӯзи ҷанг, Набошад хирадманду борою санг. Бубинам, ки Талҳанд бо ин сипоҳ Чӣ гуна хиромад ба овардгоҳ. Набошад ҷуз аз ройи Яздони пок Зи рахшанда хуршед то тирахок, Чунонастам уммед аз рӯзгор, Маро рӯшноӣ диҳад Кирдгор. Зи панд озмудему чанде зи меҳр Бигуфтему Талҳанд нанмуд чеҳр. Марезед хун аз пайи хоста, Ки ёбед худ ганҷи ороста. В-агар номдоре бувад з-ин сипоҳ, Ки асп афканад тез бар қалбгоҳ, Чу Талҳандро ёбад андар набард, Набояд, ки бар вай фишонанд гард. Ниёишкунон пеши пили жаён Бибояд шудан танг баста миён». Хурӯше баромад, ки «Фармон кунем, Зи ройи ту ороиши ҷон кунем». В-аз он рӯи Талҳанд пеши сипоҳ, Чунин гуфт, к-«Эй посбонони гоҳ,