854. ПАНД ДОДАНИ ГАВ ТАЛҲАНДРО
Нигаҳ кард Гав андар он дашти ҷанг,
Ҳаво дид чун пушти ҷангипаланг.
Ҳама гом хоку ҳама дашт хун,
Ба гирд -андарун найза буд раҳнамун.
Ба Талҳанд-бар чанд ҷонаш бисӯхт,
Хирад ҳам лаби ози ӯ барбидӯхт.
Гузин кард марде сухангӯй Гав,
К-аз он меҳтарон ӯ будӣ пешрав,
Ки «Рав пеши Талҳанду ӯро бигӯй,
Ки бедод ҷанги бародар маҷӯй,
Ки ҳар хун, ки ояд ба кин рехта,
Ту бошӣ бад-он яксар овехта.
Яке гӯш букшой бар панди Гав,
Ба гуфтори бадгӯй ғарра машав.
Набояд, ки аз мо бад-ин корзор
Накӯҳиш бувад дар ҷаҳон ёдгор.
Аз ин кишвари Ҳинд вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Бипарҳез аз ин разму овехтан,
Ба бедод-бар хира хун рехтан.
Дили ман бад-ин оштӣ шод кун,
Зи воми хирад гардан озод кун.
Ба паймон аз ин марз то марзи Чин
Туро бод, чандон ки хоҳӣ замин.
Ҳама меҳр бо ҷон баробар кунем,
Туро бар сари хеш афсар кунем.
Бубахшем шоҳӣ ба кирдори ганҷ,
Ки аз тахту афсар наярзад ба ранҷ.
В-агар ҷангу бедод ҷӯӣ ҳама,
Парокандани гирдкарда рама,
Бад-ин гетӣ- андар накӯҳиш бувад,
Бад-он - дар чу рафтӣ, пажӯҳиш бувад.
Макун, эй бародар, ба бедод рой,
Ки бедодро нест бо дод пой».
Фиристода чун пеши Талҳанд шуд,
Ба пайғоми шоҳ аз дари панд шуд.
Чунин дод посух, ки «Гавро бигӯй,
Ки дар ҷанг чандин баҳона маҷӯй!