Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

853. ҶАНГ СОХТАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД

Пас огоҳӣ омад ба Талҳанду Гав, Ки ҳар барзанеро яке пешрав. Ҳама шаҳр вайрон кунанд аз ҳаво, Набояд, ки доранд шоҳон раво. Бибуданд аз он огаҳӣ пурҳарос, Ҳаме доштандӣ шабу рӯз пос. Чунон буд, ки рӯзе ду шоҳи ҷавон Бирафтанд бе лашкару паҳлавон. Забон баркушоданд як бо дигар Пурожанг рӯю пур аз ҷанг сар. Гави номбардор шуд пурхурӯш, Аз он гуфтаҳо андаромад ба ҷӯш. Ба Талҳанд гуфт: «Эй бародар, макун, К-аз андоза бугзашт моро сухун. Ба беҳуда бар хира чизе маҷӯй, Ки фарзонагон он набинанд рӯй. Шунидӣ, ки Ҷамҳур чун зинда буд, Варо Мой ҳамчун яке банда буд. Бимурд ӯву ман монда з-ӯ зору хурд, Яке хурдро гоҳ натвон супурд. Ҷаҳон пур зи хубӣ буд аз ройи ӯ, Наёраст ҷустан касе ҷойи ӯ. Бародар варо ҳамчу ҷон буду тан, Ба шоҳӣ варо хостанд анҷуман. Агар будаме ман сазовори гоҳ, Накардӣ ба Мой- андарун кас нигоҳ. Бар оини шоҳони пешин равем, Зи фарзонагон неку бад бишнавем. Ман аз ту ба солу падар меҳтарам, Ту донӣ, ки ман тахтро барх(в)арам. Макун носазо, тахти шоҳӣ маҷӯй, Макун рӯи кишвар пур аз гуфтугӯй». Чунин дод Талҳанд посух, ки «бас! Ба афсун бузургӣ наҷустаст кас. Ман ин тоҷу тахт аз падар ёфтам, Зи тухме, ки ӯ кишт, бар ёфтам. Ҳаме подшоҳиву ганҷу сипоҳ Аз ин пас ба шамшер дорам нигоҳ.