Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

852. ГУФТУГӮ КАРДАНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД АЗ БАҲРИ ТАХТ

Зи гуфти бадомӯз ҷӯшон шуданд, Ба наздики модар хурӯшон шуданд. Бигуфтанд, к-«Аз мо кӣ зеботар аст, Ки бар неку бар бад шикеботар аст?» Чунин посух овард фарзоназан, Ки «Бо мӯбаде якдилу ройзан Бибояд нишастан шуморо нахуст Ба орому бо ком фарҷом ҷуст.» В-аз он пас гузида бузургони шаҳр, Ҳар он кас, ки ӯ дорад аз рой баҳр, Якояк бипурсид бо раҳнамун, На хуб аст гармӣ ба кор- андарун. Касе к-ӯ биҷӯяд ҳаме тоҷу гоҳ, Хирад бояду рою ганҷу сипоҳ. Чу бедодгар подшоҳӣ кунад, Ҷаҳон пур зи гурму табоҳӣ кунад. Ба модар чунин гуфт фарзона Гав, К-«Аз ин пурсиш андар миёна марав. Агар кишвар аз ман нагирад фурӯғ, Бигӯю макун ҳеҷ ройи дурӯғ. Ба Талҳанд биспор тахту кулоҳ, Ман ӯро яке кеҳтарам некхоҳ. В-агар ман ба солу хирад меҳтарам, Ҳам аз пушти Ҷамҳури кундоварам, Бад-ӯ гӯй, то аз пайи тоҷу тахт Нагирад ба бедонишӣ кор сахт». Бад-ӯ гуфт модар, ки «Тундӣ макун, Бар андоза бояд, ки ронӣ сухун. Ҳар он кас, ки бар тахти шоҳӣ нишаст, Миён баста бояд кушода ду даст. Нигаҳ доштан пок ҷон аз бадӣ, Ба дониш сипардан раҳи бихрадӣ. Ҳам аз душман ожир будан ба ҷанг, Нигаҳ доштан баҳраи ному нанг. Зи доду зи бедоди шаҳру сипоҳ Бипурсад Худованди хуршеду моҳ. Агар пашша аз шоҳ ёбад ситам, Равонаш ба дӯзах бимонад дижам.