851. ДОСТОНИ ГАВ ВА ТАЛҲАНД ВА ПАЙДО ШУДАНИ ШАТРАНҶ ОҒОЗИ ДОСТОН
Чунин гуфт фарзона Шоҳуи пир,
Зи Шоҳуи пир ин сухан ёд гир.
Ки дар Ҳинд марде сарафроз буд,
Ки бо ганҷу бо лашкару соз буд.
Ханида ба ҳар ҷою Ҷамҳур ном,
Ба мардӣ фузун кард аз Фур ном.
Ҳамон подшо буд бар ҳиндувон,
Хирадманду бинову равшанравон.
Варо буд Кашмир то марзи Чин,
Бар ӯ хондандӣ меҳон офарин.
Ба мардӣ ҷаҳонро гирифта ба даст,
Варо Сандалӣ буд ҷои нишаст.
Ҳам эдар будаш тоҷу ганҷу сипоҳ,
Ҳам эдар нигину ҳам эдар кулоҳ.
Ҳунарманд Ҷамҳури фарҳангҷӯй,
Сарафрози бодонишу обрӯй.
Бад-ӯ шодмон зердастони ӯ,
Чи шаҳрӣ, чи аз дарпарастони ӯ,
Зане будаш андархуру ҳушманд,
Ҳунарманду бодонишу бегазанд.
Писар зод аз он шоҳ як шаб яке,
Ки пайдо набудаш зи моҳ андаке.
Падар чун бидид он ҷаҳондори нав,
Бифармуд, то ном карданд Гав.
Бар ин барнаёмад басе рӯзгор,
Ки бемор шуд ногаҳон шаҳрёр.
Ба кадбону андарз карду бимурд,
Ҷаҳоне пур аз дод Гавро супурд.
Зи хурдӣ нашоист Гав тахтро,
На тоҷу камар бастани сахтро.
Саронро ҳама сар пур аз гард буд,
Зи Ҷамҳур дилшон пур аз дард буд.
Зи бахшидану хӯрдану доди ӯ
Ҷаҳон буд яксар пур аз ёди ӯ.
Сипоҳиву шаҳрӣ шуданд анҷуман,
Зану кӯдаку мард шуд ройзан,
Ки ин хурдкӯдак надонад сипоҳ,
На доду на хашму на тахту кулоҳ.