850. НОШИНОХТАНИ ДОНАНДАГОНИ ҲИНД РОйИ НАРДБОЗӢ
Биёмад яке номвар кадхудой,
Фиристодаро дод шоиста ҷой.
Яке хуррам айвон биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Замон хост з-ӯ номвар ҳафт рӯз,
Бирафт, он ки будаш зи дониш фурӯз.
Зи кишвар дабирони шоистамард
Яке анҷуман карду бинҳод нард.
Ба як ҳафта ҳар кас, ки буд тезвир
Аз он номдорони барнову пир,
Ҳаме бозҷустанд бозии нард
Ба рашку ба ному ба нангу набард.
Ба ҳаштум чунин гуфт мӯбад ба Рой,
Ки«Инро надонад касе сар зи пой.
Магар бо радон ёр гардад хирад,
К-аз ин мӯҳра бозӣ бурун оварад.
Дили Рой аз он мӯбадон шуд дижам,
Равон пур зи ғам шуд, бурӯ пур зи хам.
Биёмад нуҳум рӯз Бузарҷмеҳр,
Пур аз орзу дил, пурожанг чеҳр,
Ки эдар нафармуд моро диранг,
Набояд, ки гардад дили шоҳ танг.
Бузургони доно ба як сӯ шуданд,
Ба нодонии хеш хасту шуданд.
Чу бишнид, биншаст Бузарҷмеҳр,
Ҳама мӯбадон баркушоданд чеҳр.
Бигустурд пеш- андарун тахти нард,
Ҳама гардиши мӯҳраҳо ёд кард.
Сипаҳдор бинмуду ҷангӣ сипоҳ,
Ҳам ороиши разму фармони шоҳ.
Аз ӯ хира шуд Рой бо ройзан,
Зи кишвар ҳамон номдор анҷуман,
Ҳама меҳтарон офарин хонданд,
Варо мӯбади покдин хонданд.
Зи ҳар донише з-ӯ бипурсид Рой,
Ҳама посух омад якояк ба ҷой.
Хурӯше баромад зи донандагон,
Зи донишпажӯҳону хонандагон,