Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

849. СОХТАНИ БУЗАРҶМЕҲР НАРДРО ВА ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН ӮРО БА ҲИНД

Бишуд марди доно ба ороми хеш, Яке тахту паргор бинҳод пеш Нигаҳ кард ҷое, ки ториктар, К-аз ӯ гардад андеша бориктар. Ба шатранҷу андешаи ҳиндувон Нигаҳ карду бифзуд ранҷи равон. Хирад бо дили равшан анбоз кард, Ба афсуну андеша бинҳод нард. Ду мӯҳра бифармуд кардан зи оҷ, Ҳама пайкари оҷ ҳамранги соҷ. Яке размгаҳ сохт шатранҷвор, Дурӯя баророста корзор. Ду лашкар бубахшид бар ҳашт баҳр, Ҳама размҷӯёни гирандашаҳр. Замин тору лашкаргаҳе чор сӯй, Ду шоҳи гаронмояи некхӯй, Ки доранд рафтор ҳар ду ба ҳам, Яке аз дигар барнагирад ситам. Ба ҳар ҷой гарданда пешаш сипоҳ, Гурозон ду шоҳ андар он размгоҳ. Ҳаме ин бад-он, он бад-ин баргузашт, Гаҳе разми кӯҳу гаҳе разми дашт. Якеро чу танҳо бигирад ду тан, Зи лашкар бар ин як тан ояд шикан, Бад-ин гуна, то бар кӣ ояд шикан, Шудандӣ сипоҳ аз ду рӯй анҷуман. Бад-ин сон, ки гуфтам, биёрост нард, Бари шоҳ шуд, сарбасар ёд кард. Зи нерӯи шоҳону ҷанги сипоҳ Бигустурду бинмуд як-як ба шоҳ. Дили шоҳи Эрон аз он хира монд, Хирадро ба андеша- андар нишонд. Аз он рафтани шоҳи бартарманиш, Ҳамон бадситоиш, ҳамон сарзаниш Ҳаме гуфт, к-«Эй марди равшанравон, Ҷавон бодиву рӯзгорат ҷавон! Бифармуд, то сорбон ду ҳазор Биёвард уштур бари шаҳрёр.