848. АНДАР ФИРИСТОДАНИ РОйИ ҲИНД ШАТРАНҶРО НАЗДИ НӮШИНРАВОН
Чунин гуфт мӯбад, ки «Як рӯз шоҳ
Ба дебои румӣ биёрост гоҳ.
Биёвехт тоҷ аз бари тахти соҷ,
Ҳама соҷ оҷу ҳама оҷ тоҷ.
Ҳама бурҷ моҳу ҳама гоҳ шоҳ,
Ҳама боргоҳаш саросар сипоҳ.
Ҳама кох пурмӯбаду марзбон
Зи Балху зи Бомиву аз ҳар карон.
Чунин огаҳӣ ёфт шоҳи ҷаҳон
Зи гуфтори бедор корогаҳон,
Ки омад фиристодаи шоҳи Ҳинд
Або пилу чатру саворони Синд.
Шутурвор бор аст бо ӯ ҳазор,
Ҳаме роҳ ҷӯяд бари шаҳрёр.
Ҳамон гаҳ чу бишнид бедор шоҳ,
Пазира фиристод чанде сипоҳ,
Чу омад бари шаҳрёри бузург
Фиристодаи номдори сутург,
Ба расми бузургон ниёиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт.
Гуҳар кард бисёр пешаш нисор
Або чатру бо пилу бо гӯшвор.
Биёроста чатри ҳиндӣ ба зар,
Бар ӯ бофта чанд гуна гуҳар.
Сари бор букшод дар боргоҳ,
Биёвард яксар ҳама назди шоҳ.
Фаровон ба бор- андарун симу зар,
Чи аз мушку анбар, чи аз уди тар.
Зи ёқуту алмосу аз теғи Ҳинд,
Ҳама теғи ҳиндӣ саросар паринд.
Зи чизе ки хезад зи Қаннуҷу Мой,
Зада дасту пой, оварида ба ҷой.
Ниҳоданд яксар ҳама пеши тахт,
Нигаҳ кард солори пирӯзбахт.
Зи чизе, ки бурд андар он Рой ранҷ,
Фиристод Кисро саросар ба ганҷ.
Биёвард пас номае бар паринд,
Навишта ба Нӯшинравон Ройи Ҳинд.