Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

847. ПАНД ДОДАНИ БУЗАРҶМЕҲР НӮШИНРАВОНРО

Ҷаҳондор биншаст як рӯз шод, Бузургони донандаро бор дод. Сухан гуфт хандону букшод чеҳр, Бари тахт биншаст Бузарҷмеҳр, Яке офарин кард бар шаҳрёр, Ки дил шуд ба кирдори хуррам баҳор. Чунин гуфт к-«Эй довари тозарӯй, Ки бар ту наёбад сухан айбҷӯй. Хуҷаста шаҳаншоҳи пирӯзгар, Ҷаҳондори бодонишу богуҳар, Навиштам сухан чанд бар паҳлавӣ, Абар дафтару коғази хусравӣ. Супурдам ба ганҷур то рӯзгор Барояд, бихонад магар шаҳрёр. Бидидам, ки ин гунбади дерсоз Нахоҳад ҳаме лаб кушодан ба роз. Агар мард бархезад аз тахти базм, Ниҳад бар кафи хеш ҷонро ба разм, Заминро бипардозад аз душманон, Шавад эмин аз ранҷи оҳарманон, Шавад бар ҷаҳон подшо сар ба сар, Биёбад суханҳо ҳама дарбадар, Шавад даст дар кор кардан фарох Кунад гулшану боғу майдону кох, Ниҳад ганҷу фарзанд гирд оварад, Басе рӯз бар орзу бишмарад, Фароз оварад лашкару хоста, Шавад коху айвонаш ороста. Гар эдун, ки дарвеш бошад ба ранҷ, Фароз орад аз ҳар сӯе тоҷу ганҷ. Зару сими бисёр гирд оварад, Зи сад сол будан-ш барнагзарад. Шавад хоку бебар шавад ранҷи ӯ, Ба душман бимонад ҳама ганҷи ӯ. На фарзанд монад, на тахту кулоҳ, На айвони шоҳӣ, на ганҷу сипоҳ. Чу биншинад он ҷастану боди ӯ, Зи гетӣ нагирад касе ёди ӯ.