846. АНДАР ОРОМ ЁФТАНИ ҶАҲОНИЁН АЗ ОИНИ НӮШИНРАВОН
Чу Кисро биёмад бари тахти хеш
Гурозону анбоз бо бахти хеш,
Ҷаҳон чун биҳиште шуд ороста
Зи доду зи хубӣ пур аз хоста.
Баросуда шоҳон аз овехтан,
Ба ҳар ҷой, бедоду хун рехтан,
Ҷаҳон нав шуд аз фарраи эзадӣ,
Бубастанд, гуфтӣ, ду дасти бадӣ,
Надонист кас ғорату тохтан,
Дигар даст сӯи бадӣ охтан.
Ҷаҳоне ба фармони шоҳ омаданд,
Зи кажживу торӣ ба роҳ омаданд.
Касе к-ӯ ба раҳ - бар дирам рехтӣ,
Аз он хоста дузд бугрехтӣ.
Зи дебову динор бар хушку об,
Ба рахшанда рӯзу ба ҳангоми хоб
Зи биму зи доди ҷаҳондор шоҳ,
Накардӣ бадандеш аз он нигоҳ.
Ҷаҳон чун биҳиште шуд ороста,
Дару дашт яксар пур аз хоста,
Бипайваст нома зи ҳар кишваре,
Зи ҳар номдореву ҳар меҳтаре.
Зи бозоргонону туркони Чин,
Зи Сақлобу ҳар кишваре ҳамчунин,
Зи бас номаи мушку чинипаринд,
Аз ороиши Руму аз бӯи Ҳинд.
Шуд Эрон ба кирдори хуррамбиҳишт,
Ҳама хок анбар шуду зар-ш хишт.
Ҷаҳоне ба Эрон ниҳоданд рӯй,
Баросуда аз дарду аз гуфтугӯй.
Гулоб аст гуфтӣ ҳаворо сиришк,
Биёсуда мардум зи ранҷу пизишк.
Биборид бар гул баҳангом нам,
Набуд киштварзе зи борон дижам.
Дару дашт гул буду бому сарой,
Ҷаҳон гашт пурсабзаву чорпой.
Ҳама рӯдҳо ҳамчу дарё шуда,
Ба полиз гул чун Сурайё шуда,