845. БОЗОМАДАНИ НӮШИНРАВОН БА ЭРОНЗАМИН БА ПИРӮЗӢ
Ба тахт омад аз ҷойгоҳи намоз,
Сипоҳаш ба рафтан гирифтанд соз.
Баромад хурӯшидани говдум
Зи даргоҳу овози рӯинахум.
Зи Яздони некидиҳиш кард ёд,
Сипаҳ барнишасту буна барниҳод.
Зи динору дебову тоҷу камар,
Зи ганҷи дирам, ҳам зи ганҷи гуҳар.
Зи аспону пӯшидарӯёну тоҷ,
Дигар маҳди пирӯзаву тахти оҷ.
Нишастанд бар зин парастандагон,
Дилорову ҳар гунае бандагон,
Фиристод яксар сӯи Тайсафун,
Буторои чинӣ ба пеш-андарун.
Ба фархунда фолу ба равшан равон
Бирафтанду гирд- андараш ходимон.
Сари мӯбадон буд Меҳронситод,
Бишуд бо шабистони хоқоннажод.
Сӯи Тайсафун рафт ганҷу буна,
Сипоҳе намонд аз ялон як тана.
Ҳама вижа гурдону озодагон
Биёмад сӯи Озарободагон.
Сипоҳе биёмад зи ҳар кишваре,
Зи Гелону аз Дайламон лашкаре,
Зи кӯҳи Балуҷу зи дашти Саруч
Бирафтанд ханҷаргузорони Куч.
Ҳама пок бо ҳадяву бо нисор,
Ба пеши саропардаи шаҳрёр.
Бад-он шод шуд шаҳрёри бузург,
Ки аз меш кӯтоҳ шуд чанги гург.
Ҷаҳон то ҷаҳон буд, кӯче набуд,
Магар шаҳр аз эшон пур аз доғу дуд.
Ба фарри ҷаҳондор Кисро сипеҳр
Дигаргунатар шуд ба оину меҳр.
Ба шаҳре куҷо баргузаштӣ сипоҳ,
Наёзорадӣ киштманде ба роҳ.
Наҷустӣ касе аз касе нону об,
Ба раҳ-бар биёростӣ ҷои хоб.