Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

844. БОЗГАШТАНИ ХОҚОН ВА ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН СӮИ ТАЙСАФУН

Чу огоҳӣ омад ба хоқони Чин Зи Эрону аз шоҳи Эронзамин. В-аз он шодмонӣ ба фарзанди ӯй, Шудан шоҳ хуррам ба пайванди ӯй. Бипардахт Суғду Самарқанду Чоҷ, Ба Қӯчқорбошӣ фиристод тоҷ. Ҷаҳон нав шуд аз доди Нӯшинравон, Бихуфтанд бар пушт пиру ҷавон. Якояк ҳаме хонданд офарин Ба ҳар ҷой бар шоҳи Эронзамин. Ҳама даст бардошта б-осмон, Ки «Эй кирдгори макону замон, Ту ин дод бар шоҳ Кисро бидор, Бигардон зи ҷонаш бади рӯзгор, Ки аз фарру авранги ӯ дар ҷаҳон, Бадӣ дур гашт ошкору ниҳон». Ба нахчир чун ӯ ба Гургон расид, Кушода касе рӯи хоқон надид! Бишуд хӯрду хоб аз саворони Чин, Саворе набардошт аз асп зин. Пароканда шуд турк сесад ҳазор, Ба ҷое набуд кӯшиши корзор. Камоне набоист кардан ба зеҳ, На кеҳ монд эдар зи чинӣ, на меҳ. Бад-ин сон бо фарру бурзи каён Ба нахчир биштофт шери жиён, Ки бо номи вай ахтари шоҳ буд, Ки бо тахти вай бахт ҳамроҳ буд. В-аз он пас бузургон шуданд анҷуман Зи Омӯй то шаҳри Чоҷу Хутан Бигуфтанд, к-ин шаҳрҳои фарох, Пур аз боғу майдону айвону кох, Зи Чоҷу Тарак то Самарқанду Суғд Басе буд вайрону ороми чуғд. Чағониву Бомиву Хатлону Балх, Шуда рӯз бар ҳар касе тору талх. Бухорову Хоразму Омую Зам, Басе ёд дорем бо дарду ғам.