Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

843. ФИРИСТОДАНИ ХОҚОНИ ЧИН ДУХТАРРО ҲАМРОҲИ МЕҲРОНСИТОД НАЗДИ НӮШИНРАВОН

Чу бишнид хоқон, дилаш гашт х(в)аш, Бихандид хотуни хуршедфаш. Чу аз чора дилҳо бипардохтанд, Фиристодаро пеш биншохтанд. Бигуфтанд чизе, ки боист гуфт, Зи фарзанди хотун, ки буд дар нуҳуфт. Бипазруфт Меҳронситод аз падар Ба номи шаҳаншоҳи пирӯзгар. Миёнҷӣ бипазруфту хоқон бидод, Якеро, ки дорад зи хотун нажод. Парастандагон бо нисор омаданд, Ба шодӣ бари шаҳрёр омаданд. В-аз он пас яке ганҷи ороста, Бад-ӯ-дар зи ҳар гунае хоста. Зи динору аз гавҳару тавқу тоҷ, Ҳамон маҳди пирӯзаву тахти оҷ. Яке дигар аз уди ҳиндӣ ба зар, Бар ӯ бофта чанд гуна гуҳар. Або ҳар яке афсаре шоҳвор, Сад аспу сад уштур ба зину ба бор. Шутур бор карда зи дебои Чин, Биёроста пушти аспон ба зин. Чиҳил тойи дебои зарбафтгун, Кашида забарҷад ба зар андарун. Сад уштур зи густурданӣ бор кард, Парастанда сесад падидор кард. Ҳаме дид, то ҳар яке барнишаст Ба оини Чин бо дирафше ба даст. Бифармуд хоқон ба пирӯзбахт, Ки бинҳанд бар кӯҳаи пил тахт. Бар ӯ бофта шафшаи симу зар, Ба шафша - дарун нобисуда гуҳар. Дирафше дурафшон зи дебои Чин, Ки пайдо набудӣ зи дебо замин. Ба сад мардаш аз ҷой бардоштӣ, Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ. Зи дебо биёрост маҳде зи зар, Ба маҳд- андар аз ҳар шуморе гуҳар.