842. ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН МЕҲРОНСИТОДРО БАРОИ ДИДАНИ ДУХТАРИ ХОҚОН
Нависандаи номаро пеш хонд,
Зи хоқон фаровон суханҳо биронд.
Бифармуд, то нома посух навишт,
Гузини суханҳои фаррух навишт
Нахуст офарин кард бар Кирдгор,
Ҷаҳондору пирӯзу парвардгор.
Ба фармони ӯяст гетӣ ба пой,
Ҳам ӯяст бар неку бад раҳнамой.
Касеро ки хоҳад, кунад арҷманд,
Зи пастӣ барорад ба чархи баланд.
Дигар монда андар бади рӯзгор,
Чу некӣ нахоҳад бад-ӯ Кирдгор.
Ба ҳар неку бад з-ӯ пазирам сипос,
В-агар бад кунам, з-ӯ дил андар ҳарос.
Нахоҳад, ки ҷон бошаду ҳам дилам,
Агар биму уммед аз ӯ бугсилам.
Расид ин фиристодаи б-офарин
Або хубгуфтори хоқони Чин.
Шунидам зи пайвастагӣ ҳар чӣ гуфт,
Зи покон, ки ӯ дорад андар нуҳуфт.
Маро шод шуд дил зи пайванди ӯй,
Бавижа зи пӯшида фарзанди ӯй,
Фиристодам инак яке ҳушманд,
Ки дорад хирад ҷони ӯро баланд.
Биёяд, бигӯяд ҳама рози ман,
Зи фарҷом пайванду оғози ман.
Ҳамеша туро ҷон пур аз шарм бод,
Дилат шоду пуштат ба мо гарм бод.
Нависанда чун хома бекор гашт,
Биёрост қиртосу андарнавашт.
Ҳаво чун сиришки қалам кард хушк,
Ниҳоданд мӯҳре бар ӯ-бар зи мушк.
Бар эшон яке хилъат афканд шоҳ,
К-аз он монд андар шигифтӣ сипоҳ.
Гузин кард пире хирадманду род,
Куҷо номи ӯ буд Меҳронситод.
В-аз эрониён номвар сад ҳазор
Сухангӯву шоиставу номдор.