Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

841. НОМАИ ХОҚОН ДАР БОРАИ ДОДАН ДУХТАРИ ХЕШРО БА НӮШИНРАВОН

Чу хоқони Чин он суханҳо шунид, Бипажмурду шуд чун гули шанбалид. Дилаш з-он суханҳо пур аз бим гашт, В-аз андеша мағзаш ба ду ним гашт. Пур аз дард биншаст бо ройзан, Чунин гуфт бо номдор анҷуман, Ки «Эй бихрадон, роҳи ин кор чист, Бар андешаи хаста озор чист? Набояд, ки пирӯз гашта ба ҷанг, Ҳама номи мо боз гардад ба нанг». Зи ҳар гунае мӯбадон сохтанд, Чапу рост гуфтанду андохтанд. Чунин гуфт хоқон, ки «Он аст роҳ, Ки гурде фиристем наздики шоҳ. Ба андеша дар кор бешӣ кунем, Бисозему бо шоҳ хешӣ кунем. Паси пардаи мо басе духтаранд, Ки бар тораки бонувон афсаранд. Якеро ба номи шаҳаншаҳ кунем, Зи кори вай андеша кӯтаҳ кунем. Чу пайванд созем бо ӯ ба хун, Набошад кас ӯро ба бад раҳнамун. Бад-ӯ нозишу сарфарозӣ бувад, В-аз ӯ бугзарӣ, ҷанг бозӣ бувад». Радонро писанд омад он ройи шоҳ, Ба овоз гуфтанд, к-«ин аст роҳ». Зи лашкар се пурмояро баргузид, Ки гӯянду донанд посух шунид. Дари ганҷи динор букшоду гуфт, Ки «гавҳар чаро бояд андар нуҳуфт? Магар номро бояду нангро, В-агар бахшишу базму оҳангро». Яке ҳадяе сохт, к-андар ҷаҳон Касе он надид аз кеҳону меҳон. Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Сухан ҳарчи будаш ба дил-бар, биронд. Нахуст офарин кард бар кирдгор, Тавонову донову парвардгор.