840. ПОСУХИ НОМАИ ХОҚОНИ ЧИН АЗ НӮШИНРАВОН
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир
Або мӯбади мӯбадон Ардашер.
Ба қиртос - бар номаи хусравӣ,
Нависанда бинвишт бар паҳлавӣ.
Қалам чун ду рухро ба анбар бишуст,
Сари нома кард офарин аз нахуст.
Бад-он додгар, к-ӯ сипеҳр офарид,
Баландиву жарфиву меҳр офарид.
Ҳама бандагонему ӯ подшост,
Хирад бар тавоноии ӯ гувост.
Нафас ҷуз ба фармони ӯ нагзарад,
Пайи мӯр бе ӯ замин наспарад.
Аз ӯ хостам, то магар офарин
Расонад зи мо сӯи хоқони Чин.
Нахуст он ки гуфтӣ зи ҳайтолиён,
К-аз он гуна бастанд бадро миён.
Ба бедод-бар хира хун рехтанд,
Ба доми ниҳода баровехтанд.
Агар бадкуниш зӯр дорад чу шер,
Набояд, ки бошад ба Яздон далер.
Чу эшон гирифтанд роҳи паланг,
Ту пирӯз гаштӣ бар эшон ба ҷанг.
Ва дигар, ки гуфтӣ зи ганҷу сипоҳ,
Зи нерӯи фағфуру тахту кулоҳ
Касе, к-аз бузургӣ занад достон,
Набошад хирадманд ҳамдостон,
Ту тахти бузургӣ надидӣ, на тоҷ,
Шигифт оядат лашкару марзи Чоч
Чунин бо касе гуфт бояд, ки ганҷ
Набинад на лашкар, на разму на ранҷ.
Бузургони гетӣ маро дидаанд,
Касе к-ам надиданд, бишнидаанд,
Ки дарёи Чинро надорам ба об,
Шавад кӯҳ аз ороми ман пуршитоб.
Саросар замин зери ганҷи ман аст,
Куҷо хоку об аст, ранҷи ман аст.
Се дигар куҷо дӯстӣ хостӣ,
Ба пайванди мо дил биёростӣ.