839. НОМАИ ХОҚОНИ ЧИН БА НАЗДИ НӮШИНРАВОН
Зи лашкар сухангӯй даҳ баргузид,
Ки ҳам гӯяду гуфта донад шунид.
Яке нома бинвишт бо офарин,
Сухандони чинӣ ба оини Чин.
Бирафт ин хирадёфта даҳ савор
Даҳон пурсухан то дари шаҳрёр.
Ба Кисро чу бардоштанд огаҳӣ,
Биёрост айвони шоҳаншаҳӣ.
Бифармуд, то парда бардоштанд,
Ба даргоҳашон шод бугзоштанд.
Бирафтанд ҳар даҳ бари шаҳрёр
Або номаву ҳадяву бо нисор.
Ҷаҳондор чун дид, бинвохтшон,
Зи хоқон бипурсиду биншохтшон.
Ниҳоданд сар пеши ӯ бар замин,
Бидоданд пайғоми хоқони Чин.
Ба чинӣ яке нома буд бар ҳарир,
Фиристода бинҳод пеши дабир.
Ҷавон Яздгирд он ба хондан гирифт,
Аз ӯ анҷуман монд андар шигифт.
Сари нома буд аз нахуст офарин
Зи додор бар шоҳи Эронзамин.
Дигар сарфарозиву ганҷу сипоҳ,
Силеҳу бузургӣ намудан ба шоҳ.
Се дигар сухан он ки «Фағфури Чин
Маро хонд андар ҷаҳон офарин.
Маро дод беорзу духтараш,
Наҷӯянд ҷуз ройи мо лашкараш.
В-аз он ҳадя, к-аз пеш наздики шоҳ
Фиристоду Ҳайтол баста ба роҳ.
Бад-он кина рафтам ман аз шаҳри Чоч,
Бибистонам аз Ғотифар ганҷу тоҷ.
Бад-он гуна рафташ зи Гулзарриюн,
Ки шуд лаългун оби Ҷайҳун зи хун.
Зи пирӯзии шоҳу мардонагӣ,
Хирадмандиву шарму фарзонагӣ,
Чу огоҳӣ омад ба Мочину Чин,
Ба гӯянда бархондам офарин.