Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

838. ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН БАРОИ ҶАНГИ ХОҚОНИ ЧИН

Яке лашкаре аз Мадоин биронд, Ки рӯи замин ҷуз ба дарё намонд. Замин кӯҳ то кӯҳ яксар сипоҳ, Дирафши ҷаҳондор бар қалбгоҳ. Яке лашкаре сӯи Гургон кашид, Ки гашт офтоб аз ҷаҳон нопадид. Биёсуд чанде зи баҳри шикор, Ҳаме гашт дар кӯҳу дар марғзор, Ба Суғд- андарун буд хоқон, ки шоҳ Ба Гургон ҳаме рой зад бо сипоҳ. Зи хешони Арҷоспу Афросиёб Шуда Суғд яксар чу дарёи об. Ҳаме гуфт хоқон: «Сипоҳи маро Замин барнатобад, на гоҳи маро. Аз эдар сипаҳ сӯи Эрон кашам, Ба наздики дашти саворон кашам. Ҳама хоки Эрон ба Чин оварам, Ҳама тозиёнро ба дин оварам. Намонам, ки кас тоҷ дорад, на тахт, На оини шоҳӣ, на кишвар, на бахт». Ҳаме буд якчанд бо гуфтугӯй Ҷаҳонҷӯи болашкару обрӯй. Чунин то биёмад зи шоҳ огаҳӣ, К-аз Эрон биҷунбид бо фарраҳӣ. В-аз он бахти пирӯзу он дастгоҳ Зи дарё ба дарё кашида сипоҳ. Бупечид Хоқон, чу огоҳ шуд, Ба разм- андараш рой кӯтоҳ шуд. Пурандеша биншаст бо ройзан, Бузургони лашкар шуданд анҷуман. Сипаҳдор хоқон ба дастур гуфт, Ки «Ин огаҳӣ хор натвон нуҳуфт. Шунидам, ки Кисро ба Гургон расид, Ҳама рӯи кишвар сипаҳ густарид. Надорад ҳамоно зи мо огаҳӣ, Дигар торак аз рой дорад тиҳӣ. Зи Чин то ба Ҷайҳун сипоҳи ман аст, Ҷаҳон зери парри кулоҳи ман аст.