Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

837. ОГОҲ ШУДАНИ НӮШИНРАВОН АЗ КОРИ ҲАЙТОЛИЁН ВА ЛАШКАР КАШИДАН БА ҶАНГИ ЭШОН

Пас огоҳӣ омад ба шоҳи бузург Зи Хоқон, ки буд номдоре сутург. Зи Хайтолу гурдони он анҷуман, Ки омад зи хоқон бар эшон шикан. Зи шоҳи чағонӣ, ки бо бахти нав Биёмад, нишаст аз бари тахти нав. Пурандеша биншаст шоҳи ҷаҳон Зи гуфтори бедор корогаҳон. Ба айвон биёрост ҷои нишаст, Бирафтанд гурдони хусравпараст. Або мӯбади мӯбадон Ардашер Чу Шопуру чун Яздгирди дабир. Ҳама бихрадони намояндароҳ Нишастанд яксар бари тахти шоҳ. Чунин гуфт Кисро, ки «эй бихрадон, Ҷаҳондидаву коркарда радон. Яке огаҳӣ ёфтам нописанд, Суханҳои нохуби носудманд. Зи Ҳайтолу турку зи хоқони Чин, В-аз он марзбонони Тӯронзамин Беандоза лашкар шудаст анҷуман, Зи Чоҷу зи Турку зи Чину Хутан. Ба як ҳафта бо таргу шамшери кин Зи аспон набардоштанд эч зин. Ба фарҷом Ҳайтол баргашта шуд, Ду баҳра магар хаставу кушта шуд. Бад-он номдорӣ, ки Ҳайтол буд, Ҷаҳоне пур аз теғу кӯпол буд. Шигифт аст, к-омад бар эшон шикаст, Сипаҳбад мабод эч бо ройи паст. Агар Ғотифар доштӣ ҳушу рой, Набурдӣ сипеҳр он сипаҳро зи ҷой. Чу шуд марзи ҳайтолиён пур зи шӯр, Биҷустанд аз тухми Баҳроми Гӯр. Навоин яке шоҳ биншонданд, Саросар бар ӯ офарин хонданд. Нишастаст Хоқон бад-ин рӯи Чоҷ, Сарафроз бо лашкару ганҷу тоҷ.